АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

«12 июн –Рӯзи Умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдакон»

08/06/2021


       Рӯзи Умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдакон аз ҷониби Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ) қабул  шудааст ва ҳамасола он рӯзи  12 июн қайд карда мешавад. Ақидаи ворид кардани санаи нав ба тақвим пас аз конфронси соли 1997 оид ба мубориза бо шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон ва Конфронси байналмилалӣ оид ба меҳнати кӯдакон дар Амстердам ва Осло пайдо шуд.
        Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ) бори аввал дар соли 2002 Рӯзи Умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдаконро баргузор кард. Мақсади он ҷалб кардани диққат ба ин мушкилот ва андешидани тадбирҳо барои рафъи он буд.  
        Бахшида ба ин рӯз  баргузор кардани чорабиниҳо бо мақсади аз байн бурдани баъзе ҳодисаҳои ба меҳнати кӯдак шабоҳат дошта ба мақсад мувофиқ аст. Гузаронидани чораҷӯиҳои хусусияти иттилоотӣ дошта, ки сокинони кишваро аз тадбирҳои дар ин самт андешида бохабар гардонад ба мақсад мувофиқ аст. 
        Кишвари мо дорои сохтори аҳолии ҷавон ва ояндадор мебошад. Аз ин рӯ бо ғамхории  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир санадҳои меъёрии ҳуқуқие ба тасвиб расида истодаанд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, ба манфиати кӯдакону наврасон ва ояндаи миллат равона шудаанд. 
         То ба имрӯз аз ҷониби Тоҷикистон як зумра Конвенсия ва Тавсияҳои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат  ба  тасвиб  расидаанд, ки ба масъалаҳои манъи меҳнати кӯдакон ва танзими меҳнати наврасон вобастагӣ доранд. Аз ҷумла, Конвенсияи №138“ Оиди ҳадди ақали синну соли қабул ба кор” (с.1993), №182 “Оиди манъ ва аз байн бурдани шаклҳои  бадтарини меҳнати кӯдакон” (с.2005) ва Тавсияномаи ТБМ №190 “Оиди манъ намудан ва чораҳои зарурӣ андешидан ҷиҳати  аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон”.
        Ҳамзамон аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ, вазорату идораҳои дахлдор, Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ва лоиҳаи “Барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон” лоиҳаи як қатор  қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шуда ба тасвиб расиданд, ки ба масъалаҳои барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак  вобастаги  дорад. Аз ҷумла;
        -  аз 4 марти соли 2014, №169 “Дар бораи Рӯйхати корҳои шароиташон зараровар ва хатарнок, ки ба истифодаи меҳнати ашхоси аз 18-сола хурд ичозат дода намешаванд ва ҳадди меъёрҳо ҳангоми дастӣ бардоштан ва кашонидани борҳо”;  
        - аз 31 октябри соли 2014, № 690 “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”;
        - Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи тасдиқи Протоколи ба Конвенсияи дар бораи меҳнати маҷбурӣ аз соли 1930” аз 14 майи соли 2019, “ №1326
        Рафти иҷрои ҳуҷҷатҳои болозикр аз ҷумла,  Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”  қабул карда шудааст, ки таҳти назорати доимии  вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.
        Аз ин лиҳоз, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо мақсади мубориза бо меҳнати кӯдакон ва таъмини иҷрои санадҳои болозикр мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ва хизматҳои машваратиро бо корфармоёну кормандони корхонаю ташкилотҳо роҳандозӣ намуда истодаанд.
       Ҳамзамон, дар Рӯзи Умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдакон, мо ба ташаббусҳои пуршараф ҳамроҳ мешавем ва ҳамаи кӯдаконро табрик мегӯем!                  
        




                                                              Назирҷон Баҳриддинов 
                                                       Сармутахассиси Раёсати Агентии меҳнат 
                                                           ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи  Истаравшан