АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Меҳнати шаҳрвандони шаҳри Роғун ҳифз мегардад.

28/02/2019


Хушбахтона пас аз ба даст овардани Истиқлолияти воқеан ҳам комилу ҳуқуқбунёд мардуми сарбаланди тоҷик тавонист, ки ба зиндагии орому осоишта сазовор гардад. Бояд зикр намуд, ки шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Роғун фаъолияти худро дар самти беҳ дошти рўзгори мардум беҳтару хубтар ба роҳмонда, саҳми худро дар пешрафти ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократии мегузорад, Имрўзҳо аз тарафи самти меҳнат дар шуъбаи мазкур, ҳуқуқи меҳнатии кормандон ҳифз, ҳимоя ва риоя карда мешавад.
Идоракунии ҳифзи меҳнат дар корхонаҳо дар асоси талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи оид ба ҳифзи меҳнат амали мегардад, ки он уҳдадориҳои корфармо ва кормандро оид ба ҳифзи меҳнат, муқарар менамояд. Бояд тазаккур дод, ки оид ба самти меҳнат дар шаҳри Роғун дар корхонаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, таъмини интизоми меҳнат, вақти корӣ, танаффус барои дамгирӣ ва хурок хурӣ, пардохти музди меҳнат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ, гузаронидани семинарҳои машваратию омўзишӣ ва дастурдиҳӣ, мизҳои мудаввар, расонидани кумакҳои методӣ мунтазам гузаронида мешавад. Ин нишондиҳандаҳо аз он гувоҳи медиҳанд, ки талаботи мардум вақтҳои охир ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар самти меҳнат бештар гардида, мушкилоти онҳо дар ин замина аз тарафи кормандони шуъба сари вақт ҳаллу фасл мегардад. Лозим ба ёдоварист, ки дар баробари ин ҳама пешравиҳою беҳбудиҳо камбудиҳо низ ҷой доранд. Хусусан қарздорӣ аз музди меҳнат дар корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ба назар мерасад, ки сабабҳо ва омилҳои пайдоиши қарздории музди меҳнат дар Ситодҳои кумитаҳои ҳамоҳангсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун мавриди чораандешӣ қарор мегирад. Аз ин нуқтаи назар шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Роғун фаъолияти худро дар самти беҳ дошти рўзгори мардум беҳтару хубтар ба роҳмонда, саҳми худро дар пешрафти ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ мегузорад.
  Мутахассиси пешбар
  оид ба ҳифзи меҳнат дар  
  Шуъбаи Агентии меҳнат  
  ва шуғли аҳолӣ 
  Навдулло Тоиров