АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд

05/03/2019


  Санаи 28 феврали соли 2019, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, семинар (омўзишӣ)-и бо иштироки Ашуров Муқим Усмонович – сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобохонов Сайдалӣ – муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар мавзўи «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи он» баргузор намуд.
  Дар ин мулоқот муовини директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Қурбонов Н.М., Ашуров Муқим Усмонович – сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобохонов Сайдалӣ – муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсат, шуъба, мудирони бахш, сармутахассисон, мутахассисони пешбар,  мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ ва марказҳои таълимии системаи Агентӣ, иштирок доштанд.
  Ҷаласаро муовини директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Қурбонов Н.М. ифтитоҳ намуда, сараввал меҳмонони ҷаласаро аз номи роҳбарияти Агентӣ ва кормандони соҳа изҳори миннатдорӣ намуд. 
Дар баромади худ Ашуров Муқим Усмонович аз ҷумла қайд кард, ки яке аз шаклҳои ҳифзи ҳуқуқ ин муроҷиат ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мебошад.
   Дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи ВҲИ дар ҶТ»  аз 27 майи соли 2009 бо ризояти МН МО ҶТ аз ҷониби Президенти ҶТ ВҲИ таъин гардид ва аз ин вақт ин мақомот амалан ба кори худ шурӯъ кард.
Ваколатдор мақомоти алоҳидае мебошад, ки дар шахси як одам таҷассум ёфтааст.
   Кори Ваколатдор дар асоси принсипҳои зерини асосӣ ба роҳ монда мешавад:
-мустақилият (ҳуқуқӣ, фаврӣ, молиявӣ, ташкилӣ);
-доираи ваколатҳо (баланд бардоштан ва ҳифз намудани тамоми ҳуқуқҳои инсон, бо назардошти шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ);
-дастрас будан (ба аҳолӣ наздик будан, мувофиқ ҷойгир будан, дастрас будани расмиёт);
-ҳамкорӣ (бо дигар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайри- ҳукуматӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ВАО);
-самаранокии фаврӣ (истифодаи усулҳои кор, ки барои ҳавасманд намудан ва ҳифзи ҳуқуқи инсон мусоидат мекунанд.
Барои он ки Ваколатдор самаранок ва ба таври фаврӣ фаъолият намояд, дар қонун таъсиси Дастгоҳи Ваколатдор пешбинӣ шудааст.
Ваколатдор ҳамчун мақомоти махсуси ҳокимияти давлатӣ дорои ваколатҳои махсус буда, ҳамзамон ҳаргиз мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судиро иваз намекунад, инчунин салоҳияти мавҷудаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва воситаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро беэътибор намегардонад ва тағйир намедиҳад.
   Вазифаҳои асосии ВҲИ мусоидат намудан ба:
а) риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
б) барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншуда;
в) такмили қонунгузории ҶТ оид ба ҳуқуқу озодиҳо;
г) баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи он;
д) ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатии ҶТ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
е) рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
ҶТ мансаби Ваколатдорро таъсис дода, бо ҳамин ба ҳар як инсоне, ки ҳуқуқу озодиҳояш риоя нашудааст, имконияти бо шикоят муроҷиат карданро ба шахси мансабдори мустақил, беғараз ва босалоҳият, ки ӯҳдадории касбиаш амалӣ намудани ҳифзи давлатии онҳо мебошад, таъмин намуд.
  Ваколатдор шикоятҳоро дар ҳолате аз шаҳрвандон қабул карда месанҷад, ки онҳо ба доираи салоҳияти ӯ дохил шаванд.
Ваколатдор дар доираи фаъолияти худ оид ба баррасии шикоятҳо ба муроҷиаткунандагон кӯмаки ройгони ҳуқуқии тахассусӣ мерасонад.
Қобили қайд аст, ки фаъолияти Ваколатдор фақат бо қабули чораҳо аз рӯи шикоятҳо маҳдуд намегардад. Ӯ инчунин метавонад санҷишро бо ташаббуси худ дар ҳолатҳои гирифтани маълумот оид ба поймолкунии оммавӣ ё дағалонаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон оғоз намояд ё дар ҳолатҳое, ки дорой аҳамияти махсуси ҷамъиятӣ ё ҳимояи манфиатҳои шахсоне зарӯр аст, ки наметавонанд воситаҳои ҳимояи ҳуқуқиро мустақилона истифода баранд, масалан, шахсони дорои камбудиҳои ҷисмонӣ ё рӯҳӣ ва ғайра.
  Ҳангоми санҷиши шикоятҳо Ваколатдор ҳуқуқ дорад ба ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, қисмҳои ҳарбӣ, инчунин идораҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бемамониат даробаро карда мустақилона ё якҷоя бо мақомоти дигар санҷиш гузаронад. Ба ғайр аз ин ӯ ҳуқуқ дорад маълумот, ҳуҷҷату маводҳо ва аз роҳбарон ва шахсони мансабдор оид ба масъалаҳое, ки дар рафти баррасии шикоят муайян карда мешаванд, баёнот гирад.
   Дар давраи ҳисоботӣ дар Дастгоҳи марказии ВҲИ 599 адад (с.2017 - 571 адад) муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 225 ададаш хаттӣ (с.2017 - 252) ва 374 (с.2017 - 319) адади дигараш муроҷиатҳои шифоҳӣ мебошанд. Нисбат 6а соли 2017 - 28 адад муроҷиат бештар ворид гардидааст.
Дар соли 2018 6а Дастгоҳи марказии мақомот 296 нафар зан, 247 нафар мард, 11 муроҷиати дастаҷамъӣ ва 17 нафар тавассути тагикилотҳои ҷамъиятӣ муроҷиат кардаанд.
Ҳамчунин дар ин давра аз ҷониби Намояндагиҳо ва Қабулгоҳҳои ҷамъиятии ВҲИ 2923 адад (с.2017 - 3293 адад) муроҷиатҳои шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо муроҷиатҳои хаттӣ 632 адад (с.2017 - 487 адад) ва муроҷиатҳои шифоҳӣ 2291 адад (с.2017 - 2806 адад)-ро ташкил медиҳанд. Нисбат 6а ҳамин давраи соли гузашта 370 адад муроҷиат камтар ворид гардидааст.
Дар маҷмӯъ 3522 (с.2017 - 3864) муроҷиат, аз ин шумора 857 (с.2017 - 739) муроҷиати хаттӣ ва 2665 (с.2017 - 3125) ададро муроҷиати шифоҳӣ ташкил медиҳанд. Нисбат ба соли гузашта 342 адад муроҷиат камтар ворид гардидааст.
   Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли 2018 аз 599 муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 55 адад ё 9,1% (с.2017 - 60 адад) муроҷиат (аз ҷумла 36 муроҷиати хаттӣ (с.2017 - 41 адад) ва 19 муроҷиати шифоҳӣ (с.2017 - 19 адад) мусбат ҳал гардидаанд. Нисбат ба соли 2017 - 5 адад кам гардидааст.
  Сухан ба Бобохонов Сайдалӣ – муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.
Дар баромади худ Бобохонов Сайдалӣ аз ҷумла қайд кард, ки тибқи қонунгузории ҶТ, ҳар шахсе, ки худро қурбони поймолкунии ҳуқуқи инсон меҳисобад, метавонад ба ВҲИ шикоят намояд.
Аммо дар қонунгузорӣ инчунин муқаррароте низ мавҷуд аст, ки тибқи он шикояткунанда бояд ҳамаи тадбирҳои алтернативии (имконпазири) ҳифзи ҳуқуқӣ ё маъмуриро андешад. Яъне ба ибораи дигар, шикоятнома дар сурате ба Ваколатдор ирсол карда мешавад, ки пештар муроҷиаткунанда аз ин қарор ё амал (беамалӣ) бо тартиби судӣ ё маъмурӣ шикоят карда бошаду вале бо қарори аз рӯи шикояташ қабулгардида розӣ набошад.
  Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар сурати поймол гардидани ҳуқуқашон дар давраи қарор доштан ё зиндагӣ кардан дар қаламрави ҶТ ё дар ҳудуде, ки дар доираи салохияти ӯ қарор дорад, ҷиҳати мусоидат намудан ба ҳимояи давлатии онҳо новобаста ба минбаъд аз ҶТ хориҷ шудан ё хотима ёфтани будубошашон ҳуқуқ доранд ба Ваколатдор муроҷиат намоянд.
  Шаҳрвандони ҶТ ҳуқуқ доранд ба Ваколатдор аз вайрон шудани ҳуқуқашон новобаста ба макони будубош ва сукунати худ шикоят намоянд.
  Тибқи қонунгузорӣ Ваколатдор ҳуқуқ дорад шикоятҳоро оид ба поймол гардидани ҳуқуқи инсон, ки танҳо аз тарафи шахсони воқеӣ ворид мегарданд, баррасӣ намояд. Аммо муроҷиати коллективона, аз ҷумла муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ё иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои поймолшудаи каси мушаххас пешниҳод шудаанд, метавонанд қобили қабул эътироф гарданд.
Ҳуқуқи муроҷиат ба Ваколатдор бо ҷинс, синну сол, мансубияти миллӣ, вазъи молумулкӣ ва вазифавй, ҷойи доимии истиқомат, ақидаҳои сиёсӣ, муносибат ба дин, узвияти ягон иттиходияи ҷамъиятӣ, вазъи иҷтимоӣ ва мансубияти забонӣ маҳдуд намешавад.
  Манфиати ноболиғон ҳангоми шикоят овардан ба Ваколатдор аз тарафи волидайни онҳо ё намояндаи қонунии онҳо ҳифз карда мешавад.
   Ҳуқуқи ашхосро, ки дар ҷойҳои нигаҳдории маҷбурӣ қарор доранд ё аз тарафи суд ғайриқобили амал эътироф шудаанд, ҳимоятгарон, хешовандон, мақомоти васоят ва парасторӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматии ҳифзи хуқуқ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд ҳимоя намоянд.
   Қарорҳо ё амале, ки ба доираи фаъолияти Ваколатдор тааллуқ доранд онҳое мебошанд, ки ҳуқуқи инсонро поймол карданд, ба амалӣ кардани онҳо монеъ шудаанд, ғайриқонунӣ ба зиммаи ӯ ягон ӯҳдадорӣ гузоштаанд ё ғайриқонунӣ ба ҷавобгарӣ кашидаанд.
Субъектони фаъолияти Ваколатдор ҳангоми ҳалли масъалаҳо оид ба қобили қабул будани шикоятномаҳои ба ӯ ирсолшуда мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), хизматчиёни давлатӣ, роҳбарон ва шахсони мансабдори ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳо, новобаста ба шаклҳои ташкилию ҳуқуқии онҳо мебошанд.
  Оид ба масъалаи баррасишуда аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ба муҳтарам Ашуров Муқим Усмонович ва Бобохонов Сайдалӣ саволҳо дода шуда ва ба онҳо ҷавобҳои қаноатманд гирифта шуд.
  Дар охир Қурбонов Н.М., ба меҳмонон бори дигар барои иштирокашон ва суханрониҳои пурмуҳтавояшон аз номи роҳбарияти Агентӣ ва тамоми иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуда, бовар кунонид, ки минбаъд ҳамкориро бо онҳо идома хоҳанд дод.
Сармутахассиси 
шуъбаи ҳуқуқ
Беков С.С.