АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Семинар "Дастрасӣ ба иттилооти меҳнатӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ"

27/03/2019


Имрӯз дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар чорчӯбаи ҳамкориҳо бо Фонди ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет семинар дар мавзуи "Дастрасӣ ба иттилооти меҳнатӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ" баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур кормандони Агентӣ, намояндагони зерсохторҳои Агентӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, касбомӯзон ва корҷӯён ширкат варзиданд.
Дар семинар имкониятҳои сомонаҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дигар зерсохторҳои Вазорат намоиш дода шуданд. Инчунин иштирокчиён бо истифодаи ин сомонаҳо, шаклҳои пур кардани ҳолномаҳо ва войҳои кори холӣ, ҷусутуҷуи иттилоот оид ба манъи вуруд ба Федератсияи Россия, гирифтани махлумоти ҳуқуқӣ тавассути машваратчиёни онлайнӣ шинос шуданд. Дар интиҳои семинари мазкур иштирокчиён фикру мулоҳизаи худро дар бораи рушди ин сомонаҳо пешниҳод намуданд.