АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷашни Наврўз дар Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

27/03/2019


   Санаи 26 марти соли 2019 дар ҳамоҳанагӣ бо Вазорати меҳнат муҳоҷират, ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ чорабинии идонаи Наврўзӣ баргузор кард.
Чорабинии идонаро Вазири Вазорати меҳнат  муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Тағойзода Сумангул Саид ифтитоҳ намуда, ҳамаи кормандонро бо баҳори сабзпўш, эҳёи табиат ва шукуфоии гулу райҳон шодбош намуд.
    Дар чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ, ки аз ҷониби сохторҳои таркибии Вазорат омада гардиданд, ба маърази тамошо гузошта шуда буданд. 
  Хамзамон дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ кормандони дасгоҳи марказии Агентӣ фаъолона ширкат варзиданд.
   Дар баробари ин, аз ҷониби марказҳои таълимии системаи Агентӣ маҳсули дастони касбомўзон ба маърази тамошобинон пешкаш карда шуданд.