АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баргузории ярмаркаҳои ҷойхои кории холӣ дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Суғд

04/04/2019


     Мувофиқи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳҳурии Тоҷикистон» давоми се моҳи соли 2019 аз ҷониби Раёсат, шўъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд ба мақсади бо кор таъмин намудани корҷўён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта 69 ярмаркаҳои ҷойхои кории холӣ гузаронида шуд. Дар ин ярмаркаҳо 917 корхонаю ташкилотҳо иштирок намуда, 8497 ҷойҳои кории холиро пешниход намуданд. Тавассути ин ярмаркахо 471 нафар корҷўён ва бекорон ба ҷойҳои кории доимӣ таъмин гашта, 757 нафар ба касбомўзонӣ ва 151 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд. Ҷамъи шаҳрвандони бекори ба воситаи ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ба шуғл ҷалбшуда 1379 нафарро ташкил дод.
  
        Инчунин дар асоси нақша – чорабиниҳои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд ва бодастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии вилоят санаи 19 марти соли 2019 ярмаркаи вилоятии ҷойҳои кори холӣ дар майдони «Регистон» - и бозори Паншанбеи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. 
     Бояд қайд намуд, ки дар ярмаркаи баргузоргардида аз ҷониби корхонаву ташкилотҳои шахри Хуҷанд ва шахру ноҳияхои гирду атрофи он зиёда аз 1300 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод гардид ва музди меҳнати ҷойҳои кории мазкур аз 400 то 1800 сомониро ташкил намуд. Ҷойҳои кории холӣ асосан дар сохаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёту алоқа,маорифу тандурустӣ, савдо ва дигар намуди хизматрасонихо ба қайдгирифта шуданд ва нафарони бекор дар рафти ин чорабинӣ ба худ ҷои кории дилхоҳашоноро пайдо намуданд. 
        Ҳамчунин дар ярмаркаҳо  марказҳои таълимии системаи Агентии мехнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ниҳияҳои Хуҷанд, Б. Ғафуров ва Ҷ. Расулов имконяти ба касбу ҳунаромўзӣ ҷалб намудани шаҳрвандони бекорро пешниҳоди иштирокдорон гардониданд. Дар натиҷа нафарони хоҳишманд ҷиҳати омўзиши ҳунарҳои мардумӣ ва дигар касбҳои коргарӣ дар ин марказҳо худро номнавис намуданд.
Мақомоти шуғли аҳолӣ барои бо ҷойи корӣ таъмин шудан дар ярмаркаи мазукр ба 80 нафар роҳхат дода, 42 нафарро ба курсхои кўтоҳмуддати касбомўзӣ номнавис намуд.
 
      Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳоли дар вилояти Суғд, раёсат, шуъбаю бахшҳои Агентӣ дар шахру ноҳияҳо, баҳри дар амал татбиқ намудани супоришҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, мухоҷират ва шуғли ахолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии вилоят ва ҳамчунин саривақту босифат ба иҷро расонидани нишондиҳандахо аз рўи ҳамаи самтҳои фаъолият минбаъд низ тадбирҳои амалӣ андешида, аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода менамоянд.