АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2019

16/04/2019


     Санаи 12 апрели соли 2019  дар маҷлисгоҳи Вазорати мехнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2019 баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангинзода Э.Н, директори Агентии мехнат ва шуғли аҳолӣ Баротзода Б.Х, муовинони директори Агентӣ, сардорони раёсату шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони мақомоти Агентӣ дар вилоятҳо шахру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва директорони муассисаҳои таълимии системаи Агентӣ иштирок доштанд.
          Ҷаласаро  директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Баротзода Б.Х ифтитоҳ намуда, сипас гузориши ҷамъбастии оид ба фаъолияти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар семоҳаи якум соли 2019 аз ҷониби муовини якуми директор Носирзода Д. шунида шуд. 
Носирзода Д. – маърўзаро оғоз намуда қайд кард, ки дар ин давом ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 41234 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки 27867 нафари онҳо ҳамчун корҷўй ба қайд гирифта шуда, ба 16418 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмўъ 15266 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд.
            Аз ҷумла, ба воситаи ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 1094  нафар ва тавассути ташкили корҳои фардӣ  985 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд. Дар асоси 103 шартномаҳои тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 2680 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 7662 нафар тибқи роҳхатҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ (барнома) дар марказҳои таълими касбии системаи Агентӣ ба омўзиши касбӣ фаро гирифта шуданд. Ба 1430 нафар бинобар аз даст додани ҷойи кор ба муддати то 3 моҳ кўмакпулӣ барои бекорӣ пардохт гардид. 
         Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба шаҳрвандон 190 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 5409 нафар шаҳрвандони бекор ва корҷўён ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуданд. 
        Аз ҷумла, тавассути баргузор намудани ярмаркаҳо 2015 нафар корҷўён соҳиби ҷойи кор гардида ба 2813 нафар роҳхат барои касбомўзӣ дода шуд. Дар ин давра 581 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардида, ба 12347 нафар шаҳрвандон хизматрасонии касбӣ расонида шуд. 
Дар охири ҷаласаи ҷамъбастии аз тарафи директори Агентии мехнат ва шуғли аҳолӣ Баротзода Б.Х ва  муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангинзода Э.Н оид ба фаъолияти соҳа дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ қаноатбахш гардида, ба иштирокчиён дар корҳои ояндашон мувафаққият ва бурдбориҳо таманно намуданд.