АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳисобот дар бораи фаъолияти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар семоҳаи якуми соли 2019

19/04/2019


       Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар семоҳаи якуми соли 2019 дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи  26.12.2018 фаъолиятро ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар самти ҳифзи меҳнат
        Дар семоҳи аввали соли 2019 сохторҳои агентӣ дар асоси Нақша – чорабиниҳои тасдиқшуда дар миқёси ҷумҳурӣ ба зиёда аз 947 адад корхона, муассиса, ташкилот ва субектҳои хоҷагидори гуногунсоҳаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташриф оварда, ба 2489 нафар 
намояндагии онҳо кумаки методӣ расонида ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд.  
        Дар ин давра аз ҷониби сохторҳои Агентӣ дар маҷмўъ 169 маротиба вохўриҳо, аз ҷумла, 80 семинарҳои машваратӣ, омўзишӣ, дастурдиҳӣ, 54 мизи мудаввар, 35 баромад дар ВАО (17 барномаҳои телевизионӣ ва 18 маротиба баромад тариқи радио), ки дар ҳамаи онҳо 1430 адад корхона, муассиса, ташкилот ва субектҳои хоҷагидор, шарикони иҷтимоӣ ва дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ бо иштироки 3373 нафар намояндагии онҳо ташкил ва гузаронида шуд. Инчунин 17 мақола дар рўзномаву маҷаллаҳои миқёси ҷумҳурӣ ба нашр расид.
             Агентӣ бо мақсади иҷрои супориши банди 2.3-и Нақшаи кори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019, ки бо қарори Ҳайати мушовара аз 29 ноябри соли 2018, №24 тасдиқ гардида, оид ба таҳлили пардохти дурусти иловапулиҳо мутобиқи моддаи 154 “Пардохти изофакорӣ, кор дар рўзҳои истироҳат ва ид” ва моддаи 156 “Пардохти музди кори шабона”-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон мактуби супориши аз 11 январи соли 2019, №2.4/41 ба шуъба ва бахшҳои Агентӣ дар минтақаи Кулоб ирсол намуд. 
        Ҷиҳати иҷрои супориши роҳбарияти Агентӣ аз тарафи шуъба ва бахшҳои агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб як қатор чорабиниҳо аз қабили мизи мудавар, семинар машварат ва 
бурдани корҳои фаҳмондадҳӣ дар 167 корхонаю муассисаҳо бо иштироки 588 кормандон дар давоми моҳи январ-феврали соли 2019 гузаронида шуда аз натиҷаи корҳои иҷро гардида маълумот ба 
Вазорат пешниҳод гардид, ки масъалаи мазкур дар ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорат дар охири моҳи феврали соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон, барои иҷрои дастуру супоришҳои директори Агентӣ оиди гузаронидани вохуриҳо бо корфармоёни шаҳри Душанбе ва дар асоси банди 10-и нақшаи кории Раёсати ҳифзи меҳнат дар моҳи марти соли 2019, ки доир ба гузаронидани вохурӣ бо намояндагони корхона ва муассисаҳои гуногунсоҳаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе оиди бастан вабақайдгирифтани шартномаҳои коллективӣ равона гардидааст, аз тарафи Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе санаи 12 марти соли 2019 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур семинари омузишию фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид, ки дар он  намояндагони Раёсати ҳифзи меҳнати Агентӣ, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, иттифоқҳои касабаи соҳавӣ, Раёсати Агентии шаҳри Душанбе, шуъбаҳои Агентии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва намояндагони 66 адад корхонаву ташкилотҳои гуногунсоҳаи ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуданд.
Дар рафти чорабинии мазкур, масъалаи риоя намудани талаботи фасли 4-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки доир ба шартномаҳои коллективӣ ва шарикии иҷтимоӣ, дар бораи зарурати бастани шартномаҳои коллективӣ, тарафҳои шартномаҳои коллективӣ,  тартиб ва муҳлати бастани он, мазмуну муҳлати амал ва қатъи шартномаҳои коллективӣ гуфта гузашта шуд.
        Бояд қайд намуд, ки дар давраи сипаришуда Агентӣ дар самти меҳнат ҷиҳати иҷрои 8 адад фармоиш ва қарорҳои Ҳайати мушовараи вазорат, супоришҳои иловагиро таҳия намуда, ба раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия тобеи ҷумҳурӣ ирсол намуд, ки иҷроиши онҳо зери назорат қарор дода шудааст.   
        Ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ, аз ҷумла, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияҳои корфармоёни Тоҷикистон, сохторҳои мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия дар вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои гуногунсоҳаи ҷумҳурӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳои танзими муносибатҳои меҳнатӣ яке аз вазифаҳои дигари самти фаъолият ба ҳисоб меравад.
       Гуфтан ба маврид аст, ки муттасадиёни самти меҳнати дастгоҳи   марказӣ ва сохторҳои он мунтазам дар Гуруҳои корӣ барои санҷидани риояи қонунгузории самти меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхонаву ташкилотҳои миқёси ҷумҳурӣ, иштирок менамоянд.          
        Масъалаи бақайдгирии шартномаҳои коллективии баимзорасидаи корхона, ташкилот ва муассисаҳои ҳудуди вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо аз тарафи сохторҳои агентӣ тибқи муқаррароти «Дастурамали тартиби сабтиномкунии маълумоти созишномаҳои соҳавӣ (тарифӣ), минтақавӣ ва шартномаҳои коллективӣ» ба роҳ монда шуда аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда маълумотҳо мунтазам аз тарафи Раёсати ҳифзи меҳнат ҷамъоварӣ ва таҳлил мегардад. 
        Дар ин замина бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ оиди таҳлил намудани 
тартиби таҳияи шартномаҳои коллективӣ, бақайдгирии дурусти онҳо ва аниқ муайян намудани шумораи санадҳои мазкури бақайдгирифташудаи корхона ва ташкилотҳое, ки дар зерсохторҳои 
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳур аз қайди давлатӣ гузаронидаанд, мактуби  супориши бо замимаи нақшаи даъвати зерсохторҳо барои 
гузаронидани мониторинг аз 16 январи соли 2019, №1.4/67 ба зерсохторҳо ирсол карда шуд. Дар рафти мониторинг камбудиҳои назаррас муайян гардида ҷиҳати ҳалли онҳо ба сохторҳои агентӣ 
супоришҳои мушаххас дода шуд.
        Тибқи маълумотҳои таҳлилгардида ба ҳолати 1 марти соли  2019 шумораи умумии корхона, ташкилот, муассиса ва субъектҳои хоҷагидор новобаста аз шакли моликият дар миқёси ҷумҳурӣ 
89346 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин 24654 адад ташкилоту корхонаҳое мебошанд, ки аз 5 (панҷ) нафар корманд зиёд дошта метавонанд шартномаи коллективӣ ба имзо расонанд.           
      Бояд қайд намуд, ки тибқи маълумотҳои пешакии оморӣ ба ҳолати 1 январи  соли 2019 дар ҷумҳурӣ 31187 адад субъектҳои хоҷагидори фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст. Аз ин теъдод ба ВМКБ-1322 адад, Суғд – 8304 адад, Хатлон-9116 адад, ШНТҶ -4829 адад ва ш. Душанбе – 7616 адад рост меояд.        
      Тартиби ҳисоби сабади истеъмолӣ, ки маҷмўи ҳадди ақали маҳсулоти озуқа, маҳсулоти ғайриозуқа ва хизматрасонӣ барои нигаҳдории саломатии инсон, таъмини ҳаёт ва фаъолияти ў 
заруранд, ки аз тарафи мақомоти дахлдори вазорат дар асоси маълумотҳои оморӣ ҳар нимсола як маротиба таҳлил ва ҳисоби мегардад. 
Бо назардошти болоравии индекси нархҳои истеъмолӣ ба ҳолати 1 январи соли 2019 андозаи сабади истеъмолӣ барои ҳамаи категорияҳои аҳолӣ (нафақагирон, марду зан ва кудакону 
наврасон) ба ҳисоби миёна 600,09 сомониро дар як моҳ ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,66 фоиз (ё ин ки 33,96 сомонӣ) афзудааст.
        Яке аз масъалаи муҳим дар самти беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ин баланд бардоштани музди маоши кормандон ба ҳисоб меравад. 
        Тибқи маълумотҳои таҳлилгардида музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии меҳнат, ки ба кормандони кироякор пардохт карда шуд дар миқёси ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 феврали соли 2019, 1261,6 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 (1061,6 сомонӣ буд) 200,0 сомонӣ ё 15,9 фоиз афзуда, музди ҳадди ақал дар ҷумҳурӣ 400 сомониро ташкил дод.     
        Музди меҳнати камтарин ба ҳолати 1 феврали 2019 дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ ба кормандони соҳаи кишоварзӣ, шикор, ҷангалпарварӣ ва моҳипарварӣ – 559,53 сомонӣ 
рост меояд. 
        Музди меҳнати аз ҳама баланд дар бахши воқеии иқтисодиёт дар истихроҷи канданиҳои фоиданок – 2501,70 сомонӣ, сохтмон – 2426,67 сомонӣ, таъмини нерўи барқ, газ – 1965,03 сомонӣ, истеҳсоли коркард (саноати коркард) – 1524,99 сомонӣ ва дар соҳаи таъминоти об, 
тозакунӣ, коркарди партовҳо – 863,40 сомониро ташкил медиҳад. 
       Дар бахши хизматрасонии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ музди меҳнати аз ҳама баланд дар кормандоне, ки фаъолияти миёнаравиҳои молиявӣ ва суғуртаро иҷро мекунанд – 2898,95 сомонӣ, дар соҳаи иттилоот ва алоқа фаъолият мекунанд – 2254,58 сомонӣ, дар соҳаи нақлиёт ва хоҷагии анбор – 1839,22 сомонӣ ва дар амалиётҳо бо амволи ғайриманқул, иҷора ва фаъолияти тиҷоратӣ – 1196,00 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. 
        Ҷиҳати пешрафти самти мазкур ва аз байн бурдани мушкилоти ҷойдоштаи соҳа бо пешниҳоди сохторҳои агентӣ масъалаҳои муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ дар Кумитаҳои маҳалии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва Ситодҳои кории доимоамалкунандаи назди мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ, мавриди баррасӣ қарор доранд.    
        Дар миқёси ҷумҳурӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оиди бартараф намудани қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат қарор ва амрҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар хусусӣ «Ситодӣ корӣ оид ба бартарафсозии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат» ба тасвиб расидааст.    
        Дар ҷаласаҳои ситодҳои корӣ масъалаҳои ҳалталаби самти меҳнат аз ҷумла, муайян намудани сабабҳои пайдоиш ва бартараф намудани қарздории музди меҳнат, риояи таъиноти ҳадди ақали музди меҳнат, қарздории корхона ва муасиссаҳои буҷетӣ, афзоиши қарздории музди меҳнат, масъалаи пардохти музди кори шабона, изофакорӣ, кор дар рўзҳои истироҳат ва ид, масъалаи вазъи сабтиномкуни ва баимзорасонии созишномаҳои соҳавӣ, шартномаҳои коллективӣ, қарордодҳои меҳнатӣ ва дигар масъалаҳо вобаста ба самти мазкур, мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.    
        Тибқи таҳлилҳои гузаронидашуда ба ҳолати 1 марти соли 2019 дар ҳудуди вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тарафи ситодҳои корӣ 60 маротиба ҷаласаҳо доир гардидаанд, аз ҷумла, дар ВМКБ - 2 маротиба, вилояти Суғд - 29 маротиба, вилояти Хатлон - 7 маротиба, шаҳри Душанбе -11 маротиба ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 8 маротиба гузаронида шуданд.
Дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ
         Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ тайи давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2019”, дастуру ҳидоятҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018, фармоишҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба роҳ монда, ҷиҳати ба тайёрии касбӣ ва бозомўзии ҷалб намудани шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ, пешниҳод намудани ҷойҳои кори холии арзанда ба шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта тавассути ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ, дастгирии молиявии онҳо барои машғул шудан ба соҳибкорӣ, ташкили 
корҳои муздноки ҷамъиятӣ, расонидани хизмати машварати касбӣ ва бокортаъминкунии шаҳрвандони бекор ба роҳандозӣ намуда ба натиҷаҳои муайян ноил гардид. 
Аз ҷумла, дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои андешида, давоми семоҳаи якуми соли 2019 аз рўи 6 самти асосӣ: 
- миёнаравӣ дар бозори меҳнат;
- тайёрии касбӣ, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси бекорон;
- дастгирии фаъолияти соҳибкории бекорон;
- ташкили корҳои ҷамъиятии музднок, 
- таъин ва пардохти кўмакпулӣ барои давраи бекорӣ ва расонидани хазматрасонии машварати касбӣ иҷрои нишондиҳандаҳои барнома ба андозаи 36,2 фоиз таъмин карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,2 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамин тавр, дар семоҳаи якуми соли 2019 аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маҷмуъ ба 59847 нафар шаҳрвандон хизматрасонии иҷтимоӣ анҷом дода шуд. 

Миёнаравӣ дар бозори меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ.
Дар семоҳаи якуми соли 2019 дар маҷмўъ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 41234 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 фоиз зиёд мебошад. 
Аз ин шумора 27867 нафар ҳамчун корҷуй ба қайд гирифта шуда (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3,1 фоиз), ба 16418 нафари онҳо расман мақоми бекорӣ дода шуд (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,2 фоиз) зиёд мебошад. Тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ тайи давраи ҳисоботӣ 15266 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки ин нишондиҳанда 38,0 фоизи нақшаи солонаи барномаро ташкил дод.
 Аз ҷумла, дар ВМКБ - 636 нафар шаҳрвандони бекор, вилояти Суғд - 4581 нафар, вилояти Хатлон - 5134 нафар, шаҳри Душанбе - 2163 нафар ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад  2752 нафар ба кори доимӣ таъмин гардиданд.
Аз теъдоди 15266 нафар бо кор таъминшудагон 1094 нафар тавассути ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо)  (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8,2 фоиз),  985 нафар аз ҳисоби қарзҳои имтиёзнок (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,9 фоиз), 2015 нафар тавассути ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ( нисбати ҳамин давраи соли гузашта 45,4 фоиз) зиёд мебошад. Ҳамзамон, 640 нафар бо назардошти хатмкардагони курсҳои касбомўзии моҳи декабри соли 2018 ва январ-феврали соли 
2019, инчунин, 10532 нафар бо роҳхати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз ҳисоби ҷойҳои кории холӣ (вакансия) бо кор таъмин гардиданд.
Тибқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 1094 нафар  шаҳрвандони ба ҳимояи махсуси иҷтимоӣ ниёздошта бо ҷойҳои кории аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бандшуда (квота) бо кор таъмин гардиданд, ки ин 33,3 фоизи нақшаи солонаи барномаро ташкил намуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8,2 фоиз зиёд мебошад. Аз шумораи бокортаъминшудагон тавассути ҷойҳои кори бандшуда (квотаҳо) 511 нафарро (46,7%) занон ташкил медиҳанд. 
Давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ, тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маҷмуъ 190 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд. 
Дар ин ярмаркаҳо 2132 корхонаю муассисаҳо иштирок намуда, аз ҷониби онҳо 31 133 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод гардид. Дар натиҷаи баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ 2570 нафар шаҳрвандон ба ҷойи кор роҳхат гирифта, аз ин шумора 2015 нафар (78,4%) бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд, ки ба ҳар як ярмарка 10,6 нафар(нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 нафар зиёд мебошад) рост меояд. Ҳамзамон, тавассути ярмаркаҳо ба 2813 нафар шаҳрвандон роҳхат 
барои касбомўзӣ дода шуда, 581 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар карда шуданд. 
Дар маҷмуъ, тавассути ташкил ва гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ дар давраи баррасишаванда 5409 нафар шаҳрвандон ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуданд, ки аз ин теъдод 839 нафар зан ва 955 нафар ҷавон мебошанд. 
Бояд қайд намуд, ки давоми моҳи марти соли ҷорӣ аз ҷониби корхонаҳо, ташкилот ва муассисаю хоҷагиҳо ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 8929 адад ҷойҳои кории холӣ пешниҳод гардиданд. 
Аз ҷумла; 1640 адад ё худ (18,3%) ҷойи кори пешниҳод шуда ба соҳаи саноат (музди миёнаи меҳнат 801 сомонӣ), 297 (3,3%) ба соҳаи сохтмон (1500 сомонӣ), 525 (5,8%) ба соҳаи кишоварзӣ (670,7 сомонӣ), 428 (5%) ба соҳаи нақлиёт ва алоқа (800 сомонӣ), 1127 (12,6%) ба соҳаҳои маориф ва фарҳанг (720 сомонӣ), 2212 (24,7%) ба соҳаи тандурустӣ (750,6 сомонӣ), 741 (8,2%) ба соҳаи савдо ва хизмати маишӣ (820,5 сомонӣ), 338 (3,7%) ба соҳаи манзилию коммуналӣ (620 сомонӣ) ва 1621 (18,1%) ҷойи кории холӣ  ба дигар соҳаҳо рост омада, музди миёнаи меҳнат 780,7 сомониро ташкил медиҳад. 
Дастгирии фаъолияти соҳибкории бекорон.
Давоми семоҳаи якуми соли 2019 тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба 985 нафар шаҳрвандони бекор ба андозаи 2 миллиону 902 ҳазору 004 сомонӣ кўмаки молиявӣ дода шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли 2018 – ум мутаносибан ба андозаи 18 нафар ва 54 744 сомонӣ ё худ 2,9 фоиз зиёд мебошад.
Аз ҷумла, дар ин давом тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои пешбурди фаъолияти истеҳсолӣ ба 432 нафар шаҳрвандони бекор дар ҳаҷми 1 миллиону 390 ҳазору 060 сомонӣ, барои пешбурди фаъолияти тиҷоратӣ ба 305 нафар шахсони бекор ба андозаи 980 ҳазору 877 сомонӣ ва барои пешбурди фаъолияти хизматрасонӣ ба аҳолӣ бошад ба 248 нафар шаҳрвандони бекор ба маблағи 531 ҳазору 067 сомонӣ кўмаки молиявӣ дода шуд.
                 Дар ин давом, ҷиҳати дастгирӣ ва эҳёи намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 174 нафар шаҳрвандони бекор ба андозаи 569,3 ҳазор сомонӣ кўмаки молиявӣ  дода шуд.
Аз ҷумла, дар ин давра ҷиҳати дўхтани либосҳо ва нақшу нигори миллӣ (зардўзӣ, сузанӣ, чакан, қуроқдузӣ кафшдузӣ, курпа ва курпачадузӣ) - 119 нафар шаҳрвандони бекор ба маблағи 370,5 
ҳазор сомонӣ, барои бофандагӣ (атласу адрасбофӣ, читгарӣ, гилембофӣ, қолинбофӣ, муҳрабоф, ҷўроббофӣ) - 5  нафар шаҳрванд ба андозаи 15,0 ҳазор сомонӣ, барои кандакорӣ ва истеҳсоли маснуот аз чўб (сандуқсоз, гаҳворасоз, қошуқу табақтарош, сабадбоф) - 7 нафар дар ҳаҷми 28,9 ҳазор сомонӣ, барои истеҳсоли маснуоти кулолгарӣ (кўзасоз, дегдону чакдонсоз, ҳуштаксоз ва маҳсулоти армуғони аз гил ва ғ.)-5 нафар ба маблағи 17,5 ҳазор сомонӣ, барои истеҳсоли 
маснуоти заргарӣ (ангуштарӣ, халқа, гарданбанд, дастмона) - 6 нафар ба маблағи 19,0 ҳазор сомонӣ, барои коркарди фулузот ва истеҳсоли асбобҳои кишоварзӣ (оҳангарӣ, мисгарӣ, рехтагарӣ сурнай, карнай, истеҳсоли асбобҳои кишоварзӣ, кордсозӣ ва ғ.) - 9 нафар дар ҳаҷми 33,5 ҳазор сомонӣ, пухтани маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ (гирдача, фатир, кулча, қалама, чапотӣ, шириниҳо, самбуса ва ғайра) - 17 нафар шаҳрвандони бекор ба андозаи 63,5 ҳазор сомонӣ, пухтани таомҳои 
миллӣ 3 нафар ба андозаи 11,2 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли маҳсулот аз чорво (маска, равған, панир, чакка,  қурут ва дуғ) - 3  нафар дар ҳаҷми 9,9 ҳазор сомонӣ кумаки  молиявӣ гирифтанд.
 
Тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомўзии
шаҳрвандони бекор.
Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дигар муассисаҳои таълимии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта 29224 нафар шаҳрвандон ба курсҳои кутоҳмуддати тайёрии касбӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ ҷалб гардиданд.
        Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои буҷети Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълими касбии калонсолон 7662  нафар ба касбомўзӣ ҷалб гардида, ҳамчунин дар ин давом  тавассути худмаблағгузорӣ 3667 нафар ба курсҳои кўтоҳмуддат фаро гирифта шуда,  малакаи касбии 3335 нафар шаҳрвандон бо шаҳодатномаҳо тасдиқ гардиданд. 
Дар маҷмуъ тавассути марказҳои таълими касбии калонсолон 14664 нафар ба тайёрии касбӣ такмили ихтисос ва бозомўзӣ ҷалб гардиданд.
        Ҳамзамон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба воситаи роҳхатҳои иловагӣ 14560 нафар шаҳрвандон дар дигар марказҳои таълимие, ки дар ҷуҳурӣ фаъолият доранд ба курсҳои тайёрии касбӣ тавассути худмаблағгузорӣ сафарбар шуданд.
     Дар ҳамин раванд, Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ва филиалҳои он ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории доимӣ оид ба маблағгузорӣ ва рушди соҳа бо ҳамкорони иҷтимоӣ ва шарикони рушд алоқаи зич доранд. 
Рушди ҳунарҳои мардумӣ.
      Бояд қайд намуд, ки тайи солҳои охир раванди муосир дар фаъолияти хизматрасонии таълими касбӣ ин роҳандозии омўзиши ҳунарҳои мардумӣ мебошад, ки аз Паёми Президенти кишвар ба 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 
3 июни соли 2014, №375 “Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва аз 1 декабри соли 2014, №737 “Дар бораи Барномаи рушди қолинбофӣ дар 
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” сарчашма мегирад.
Дар ҳамин раванд, дар семоҳаи якуми соли 2019 бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар муассисаҳои таълимии системаи Агентӣ ва дигар муассисаҳои таълимии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта 7110 нафар зану духтари хонашин ва шаҳрвандон ба омўзиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили «Қолинбофӣ» 395 нафар, “Қуроқдўзӣ” 511, “Бофанда” 630, “Гулдўзӣ” 502, “Дузанда” 2866, “Сузанидузӣ” 35, “Заргарӣ” 56, “Кешбофӣ” 6, “Оҳангарӣ” 132, “Дуредгарӣ” 311, “Адрасбофӣ” 450, “Намадбофӣ” 19, “Ҷомадўзӣ” 45, “Бофандаи маҳсулоти пашмин” 15, “Зардўзӣ” 73, “Кулолгарӣ” 36, “Сабадбофӣ” 108, “Тоқидузӣ” 57, “Дузанда - бурранда” 17, “Мўҳрабофӣ” 56, 
“Дузанда гулдўз” 195, “Ҷуроббофӣ” 40, “Наққошӣ” 13, “Чакандўз” 269, “Кандакорӣ” 32, “Духти либосҳои миллӣ” 20, “Табақтарошӣ” 13, “Попурдўзӣ” 168 ва “Пухтупази таомҳои миллӣ” 40 нафар ҷалб  гардиданд. 
Ташкили корҳои ҷамъиятии музднок.
    Дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2019 тайи давраи ҳисоботӣ тибқи 103 шартномаҳои тарафайн бо корфармоён 2680 нафар бекорони дар қайди мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ буда, ба корҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта шуданд, ки ин нишондод 48,6 фоизи пешгўии барномаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 315 нафар (13,3 фоиз) зиёд мебошад.