АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаласаи навбатии Шўрои байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон

26/04/2019


      Рўзи 17 апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи бинои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо иштироки аъзоёни Шўрои байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи аъзоёни Шўро баргузор гардид. Дар ҷаласаи навбатии аъзоёни Шўро ба масъалаҳои навбати назар намуданд:
- маълумот оид ба иҷроиши Нақшаи миллӣ  оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018;
-100 - солагии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат. Аз натиҷаҳои ба даст оварда ва нақшаҳои ояндаи ТБМ дар Тоҷикистон;
-омодагӣ ба Рўзи  умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кўдакон.
   Сангинзода Э.Н. - муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатиро оғоз намуда, оид ба паст шудани сатҳи меҳнати кўдакон ба 10,3% дар соли 2018 маълумот доданд, инчунин қайд намуданд, ки  корҳо дар самти мубориза бо хариду фурўши одамон, меҳнати маҷбурӣ ва  шаклҳои дигари он идома хоҳанд ёфт. 
           
         Қурбонов Акобир - сардори шуъбаи ҳифзи меҳнати Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар баромади худ зикр намуд, ки дар мубориза бо меҳнати кўдакон ва шаклҳои бадтарини он корҳо идома доранд. Аз тарафи мутахассисони ФИКТ нақша – чорабиниҳо оид ба мубориза бо меҳнати маҷбурӣ тартиб дода шудааст. 
Ғуломшоева Нодира - Сармутахассиси шуъбаи шарикони иҷтимоӣ ва ҳифзи меҳнати ВММША ҶТ доир ба тадбиқи  Нақшаи миллӣ оид ба  барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон дар соли 2018 суханронӣ намуд.
  Собир Аминов - ҳамоҳангсози миллӣ ТБМ дар Тоҷикистон дар суханронии худ қайд кард, ки  ТБМ им сол 100 солагии худро ҷашн мегирад. Дар соли 1919 оинномаи ТБМ қабул карда шуд ва масъалаи муҳофизати кўдак дар ин низомнома дохил карда шуда буд. Аз ҷумла, иттилооти мухтасар оид ба фаъолияти ТБМ-БББМК дар давраи соли 2018 пешниҳод намуд.
    Дар фарҷоми ҷаласа Сангинзода Э.Н. ба ҳамаи иштирокчиёнро муроҷат карда қайд карданд, ки мавзўи соли 2019 «Ҳифзи меҳнат ва соҳаҳои ояндадори  меҳнат" эълон намуд. Ғайр аз ин, шиор ба рўзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кўдакон низ тањти унвон интихоб карда шуд. «Кўдакон набояд дар саҳро кор кунанд, онҳо бояд орзўҳои худро бисозанд».
 
    Сармутахассиси бахши  
Мониторинги меҳнати кўдакон                                       М. Раҳимова