АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Семинар машварат дар мавзўи «Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъист»

23/04/2019


Семенар (омўзишӣ)-и кормандони дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои системаи Агентӣ оиди иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, таҳти №1504 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” дар мавзўи «Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъист»  бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарнозири Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи сарраёсати пешгирии коррупсия Маҷидӣ Абдукарим Асрориён, нозири шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, лейтенанти калони адлия  Аҳмадзода Нурулло Маҳмуд.

Санаи 23 апрели соли 2019 дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ мулоқот бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарнозири Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи сарраёсати пешгирии коррупсия Маҷидӣ Абдукарим Асрориён, нозири шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, лейтенанти калони адлия  Аҳмадзода Нурулло Маҳмуд дар мавзўи «Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъист» баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Носирзода Д.М. ифтитоҳ намуда, сипас қайд кард, ки ҷиҳати иштироки сарнозири Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Абдукарим Асрориён ва нозири шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, лейтенанти калони адлия  Аҳмадзода Н.М, дар семенар аз номи роҳбарияти Агентӣ ва кормандони соҳа изҳори миннатдорӣ намуд.  
Сипас қайд карда шуд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, таҳти №1504 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ тасмим гирифтааст, ки семенар машварат дар мавзўи «Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъист» ва бо мақсади баланд бардоштани савияи ҳуқуқии кормандони дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, инчунин иттилоотонии онҳо ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба ҳолатҳои коррупсионӣ баргузор намояд.  Мақсади ҳар як ҷомеа, ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале барои ба ин ҳадафҳои воло расидан, монеаҳои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъонаи зиёде лозиманд. Яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи амалигардонии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешравии давлат ин коррупсия мебошад. Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллии як қатор давлатҳо ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии онҳо эътироф гаштааст.  
Сухан ба намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарнозири Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи сарраёсати пешгирии коррупсия Маҷидӣ Абдукарим Асрориён дода шуд.
Дар баромади худ Маҷидӣ Абдукарим Асрориён аз ҷумла қайд кард, ки дар тўли асрҳо башарият ба мушкилиҳое рў ба рў гардидааст, ки бартараф намудани онҳо барои башарият душвориҳои зиёдеро ба бор оварда, ба масъалаи ҳаётан муҳиму глобалӣ табдил ёфтааст. Инсоният аз ин хатарҳову мушкилиҳо ибрат гирифта, барои расидан ба ҳадафҳои худ ва таъмини  ҳаёти осоишта аз тамоми имкониятҳо васеъ истифода намудааст. 
Зуҳуроте, ки имрўз дар баробари терроризму экстремизм садди роҳи пешрафти кулли давлатҳои дунё гардида, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин масъалаи коррупсия мебошад. Коррупсияро имрўзҳо дар кулли соҳаҳои ҳаётан муҳими ҳам давлатҳои пешрафта ва ҳам суръати инкишофашон сусту миёна вохурдан мумкин аст. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи ҷаҳонӣ кўшиш ба харҷ дода истодааст, ки ин зуҳуроти номатлуб ва тоқатнофарсо аз ҳаёти ҷомеа дуртар ва сатҳи он ҳарчӣ бештар коҳиш дода шавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин масъала бетараф набуда, зери роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ дар ин ҷода қадамҳои устувори худро гузошта истодааст. Ҳамарўза ва мубрам будани масъалаи мазкурро ба инобат гирифта, оид ба ин масъала Роҳбари давлат чӣ дар дохил  ва чӣ берун аз миқёси ҷумҳурӣ, дар вохўриҳо ва баромадҳои хеш дар ташкилотҳои бонуфузи умумиҷаҳонӣ, вохўриҳои сарони давлатҳо зараровар ва манфур будани ин зуҳуротро пайваста таъкид менамоянд. Дар раванди ҷаҳонии муқовимат бо коррупсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иштирокчиёни фаъол маҳсуб ёфта, бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия, дар сатҳи миллию байналмилалӣ, як қатор чораҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқиро роҳандозӣ намудааст. 
      Дар қатори дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар самти муқовимат бо коррупсия қабулгардида, бо мақсади ташкил ва амалӣ намудани чораҳои маҷмўии пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва ҷалби васеи иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди мубориза бо коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2010, №968 Шўрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми умумимиллии машваратӣ оид ба ҳамоҳангсозии шаҳрвандӣ ҷиҳати амалигардонии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия таъсис дода шуд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 низ таъкид шуда буд, ки «Фаромўш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонам сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем». Қобили таъкид аст, ки санаи 28 октябри соли 2016 ҷиҳати иҷрои банди 45 Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷорӣ намудани механизми таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо бо Қарори таҳти №465 Методология тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)-ро тасдиқ намуд. Тибқи банди 2 Қарори мазкур вазоратҳо, ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомтҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот баҳри дар амал татбиқ намудани методологияи мазкур чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдода бояд бо ҷамъбасти сол ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот ирсол намоянд. Дар навбати худ тибқи банди 3 ин қарор Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардидааст, ки аз натиҷаи иҷроиши Методологияи номбурда дар ҷамъбасти сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд. Аз ин лиҳоз, мақомоти марбутаро лозим аст, ки ҷиҳати таъмини иҷрои босифати Методологияи мазкур тамоми чораҳои дахлдорро амалӣ намоянд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки дар амри пиёдасозии армонҳои миллиамон дар пайравӣ ба Пешвои миллат баҳри решакан ва аз байн бурдани ин падидаи номатлуб фаъолона ширкат намоем.
         Сипас нозири шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, лейтенанти калони адлия  Аҳмадзода Н.М, қайд намуданд, ки коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обруву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмўъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.
        Ҳанўз дар аҳди бостон калимаи «коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурўхтани мансаб маънидод карда шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.       
       Тоҷикистон аз рўзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд.
       Ҳануз 30 августи соли 2013 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, таҳти №1504 қабул гардид.
Зарурати таҳияи Фармони мазкур аз талаботи иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 зикр гардидаанд, инчунин талаболти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2008 тасдиқ гардидааст ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» бармеояд. 
Стратегияи мазкур, бо дарназардошти стандартҳои зиддикоррупсионӣ, ки аз ўҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон бармеоянд, дар мувофиқа ба мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ба инобат гирифтани  пешниҳодоти коршиносони ватаниву  хориҷа  таҳия карда шудааст.
Нақшаи Стратегия дар солҳои 2013-2020 гузаронидани 89 чорабиниро дар самтҳои афзалиятнок пешбинӣ карда, ба таври мушаххас муҳлати иҷро ва масъулинро  пешбинӣ намудааст.
Аз натиҷаи иҷро ҳар сол гузориши вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатии мутасаддӣ пешниҳод мегардад ва назорати он аз ҷониби Шўрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. 
Ҳамзамон, масъулияти дар ҳар як сол гузаронидани мониторинги маҷмуии ҳолати иҷрои Стратегия ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудан ахборот ва таклифҳои мушаххас ҷиҳати тақвият бахшидани сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, бевосита ба зиммаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гузошта шудааст. 
        Стратегия аз 5 фасл иборат буда, мутаносибан фасли аввал “Самтҳои асосии Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”-ро муайян карда, масъалаҳои муқаррар намудани сиёсати зиддикоррупсионӣ, криминализатсияи коррупсия, пешгирии коррупсия ҳамчун усули самаранок ва натиҷабахши муқовимат ба коррупсия, иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷараёни муқовимат ба коррупсия; фасли дувум “Бахшҳои афзалиятноки амалӣ намудани тадбирҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, аз ҷумла, мукаммалгардонии идоракунии давлатӣ, механизми таҳлили соҳавии хавфҳои коррупсия, поктинатӣ ва шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташаккули Ҳукумати электронӣ ва дастрасӣ ба иттилоот, пешгирии коррупсияи сиёсӣ ва нақши мақомоти қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, такмили фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ (поктинатӣ дар бахши хусусӣ), такмили кодексҳои касбии одоб дар хизмати давлатӣ, такмили низоми хариди давлатӣ, такмили низоми назорати давлатии молиявӣ, пешгирии коррупсия дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ; фасли сеюм “Ҳамкории ҳуқуқии байналмилалӣ; фасли чорум “Натиҷаҳои татбиқи Стратегия, мониторинг ва арзёбии он” ва  фасли панҷум “Нақшаи  чорабиниҳои Стратегия муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 “-ро дар бар мегирад.
         Тибқи бандҳои 18 ва 19-и Стратегия, мақсаду маром ва ҳадафҳои Стратегия ба паст кардани сатҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтазам бартараф намудани монеаҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёт, инкишофи арзишҳои демократӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум равона карда шудааст.
Дар ҷараёни татбиқи талаботҳои Стратегия ҳадафҳои зерин амалӣ мегарданд:
- мусоидати бевосита дар амалӣ намудани Стратегияи миллии рушд;
- татбиқи давра ба давраи мукаммалгардонии сиёсати зиддикоррупсионӣ;
- таъмини рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва суботи сиёсӣ;
- ташкил ва таъмини идоракунии самарабахш дар мақомоти давлатӣ ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ:
- ташкил ва амалигардонии идоракунии электронӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ дар доираи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- устувор намудани боварии мардум ба давлат, иштироки васеи ҷомеа дар идоракунии давлатӣ;
- баланд бардоштани эътимоднокии шаҳрвандон ба фаъолияти сохторҳои давлатӣ.
Чӣ тавре, ки дар боло қайд намудем, Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, аз 5 фасл, 7 параграф ва 140 банд иборат буда, инчунин нақшаи чорабиниҳои татбиқи он низ 89 бандро ташкил додааст.
Муҳлати амалӣ намудани Стратегия ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он барои солҳои 2013 то 2020 пешбинӣ шудааст.
Ҳамаи ин чорабиниҳо ба мисли қабули қонунҳо, Стратегия ва ғайра ин муборизаи беамон бар зидди коррупсия танҳо бо мақсади пешгирӣ ва решакан намудани сатҳи коррупсия дар ҷомеа, пешрафти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва волоияти қонун равона карда шудааст, на ин ки маҳкум кардан аз озодӣ, азобу шиканҷа ва ё ҷазоҳои дигар додан ба ин ё он фарди қонуншикан.
         Имруз баргузории чунин як чорабинӣ, маҳз ҷиҳати ба вуҷуд овардани фазои умумии тоқатнопазирӣ нисбат ба зуҳуроти коррупсия, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии зиддикоррупсионии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, махсусан дар байни ҷавонони дар толор нишаста баргузории корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ аҳамияти махсус дошта, ба ин раванд таъсири бештар расонида, пеши роҳи қонунвайронкуниро сари вақт гирем.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳозирини гиромиро даъват менамоям, ки дар мубориза бар зидди коррупсия худро дар канор нагирифта, фаъолнокии шаҳрвандӣ зоҳир намоянд. Зеро самаранокии фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаву корхонаҳои давлатиро бе ҳамкорӣ бо ҷомеа тасаввур кардан аз имкон берун аст, аз ин лиҳоз аз кормандон ва аҳли нишаст хоҳиш менамоем, ки дар ҳолатҳои огоҳ гардидан аз чунин кирдорҳои номатлуб ба суроғаи мо Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, воқеъ дар кучаи М.Турсунзода - 23 муроҷиат намоянд. Телефонҳои боварӣ: 221-28-03, 221-28-04..
Оид ба масъалаи баррасишуда аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ба муҳтарам Маҷидӣ Абдукарим Асрориён саволҳо дода шуда ва ба онҳо ҷавобҳои қаноатманд гирифта шуд.