АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Саҳми худро дар самти меҳнат мегузарем.

02/05/2019


          Имрўз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки мардуми сарбаланди тоҷикро ба зиндагии орому осоишта сазовор гардонад. Бояд зикр намуд, ки шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Файзобод фаъолияти худро дар самти бехдошти ҳаёти осоиштаи мардум беҳтару хубтар ба роҳ мондааст. Маҳз аз ҳамин лиҳоз саҳми худро дар пешрафти ҷомеаи ҳуқуқбинёду демократӣ мегузорад.
         Дар корхонаҳо идоракунии ҳифзи меҳнат дар асосии талаботи Кодекси меҳнат Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи мехнат амалӣ мегардад ва ўҳдадориҳои ҳар як корфармо нисбат ба корманд дар соҳаи ҳифзи мехнат дар шартномаи коллективи муайян шудааст. Бояд зикр намуд, ки оид ба самти меҳнат дар ноҳияи Файзобод дар корхонаҳо ва ташкилотхои буҷети ва ғайрибуҷетӣ таъмини интизоми меҳнат, вақти корӣ, пардохти музди меҳнат назорат гардида, корҳои фаҳмондадиҳӣ семинар – машваратҳо, мизҳои мудаввар, расонидани кўмакҳои моддӣ мунтазам гузаронида мешавад. Ин аст, ки ҳифзи мехнат дар корхонаю ташкилотҳои ноҳия пурра риоя карда мешавад. Мардум дар солҳои охир ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Файзобод барои донистани ҳуқуқхои худ ба меҳнат ва баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии худ пайваста муроҷиат мекунанд. Кормандони шуъба кушиш мекунанд, ки сари вақт ва бо сифат ёрии худро ба мардум расонанд.
         Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Файзобод фаъолияти худро дар самти меҳнат беҳтар ба роҳ монда, саҳми худро дар рушду пешрафти ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мегузоранд. 

  Мутахассиси пешбар
  оид ба ҳифзи меҳнат дар шуъбаи
  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ
  дар ноҳияи Файзобод:                              
  Пирназаров Б.Б