АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣдар вилояти Суғд гузаронида шуд

06/05/2019


Дар асоси нақша-чорабиниҳои якҷояи Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров санаи 3 майи соли 2019, соати 09:00 дар майдони «Регистон»-и бозори Паҷшанбеи шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ярмаркаи вилоятии ҷойҳои кории холӣ ва намоиш-фурўши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ баргузор гадид. Дар ярмаркаи мазкур масъулони Раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б.Ғафуров, Бўстон, Гулистон ва Истиқлол иштирок намуда, ба бекорон зиёда аз 1358 ҷойҳои кории холиро бо маоши аз 400 то 1700 сомонӣ пешниҳод намуданд. 
 
Ҳамчунин дар ин ярмарка аз ҷониби марказҳои таълимии калонсолони сохтори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят имконияти ба касбу ҳунаромўзӣ ҷалб намудани шаҳрвандони бекор пешниҳоди иширокдорон гардида шуд ва нафарони хоҳишманд ҷиҳати омўхтани ҳунарҳои мардумӣ ва дигар касбҳои коргарии дар бозори меҳнат талаботдошта худро дар ин марказҳо номнавис намуданд. 
 
Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст солҳои 2019-2021 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст.
Аз ин лиҳоз бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату ҳукумат, нақшаи чорабиниҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷрат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳоимияи давлатии вилояти Сугд, Раёсати Агентӣ ва сохторҳои он дар баробари ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ намоиш-фурўши маҳсулоти ҳунарҳои мардумиро низ ташкил намуданд. 
Мақсад аз ташкил намудани намоиши мазкур ин пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи ҳунарҳои аҷдодии халқи тоҷик ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ ва камеҳам бошад мусоидат намудан дар фурўши дастранҷи ҳунармадони вилоят мебошад. Зеро яке аз роҳҳои босамари ба шуғл фаро гирифтани занону духтарони хонашин ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ин рушди ҳунарҳои мардумӣ ба ҳисоб меравад.
Бояд қайд намуд, ки дар намоиш-фурўши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ҳунармандони вилоят маҳсулоти адрасу атласбофӣ, сузанидўзӣ, гавҳорасозӣ, кулолгарӣ, занбўрпарварӣ, оҳангарӣ, сабадбофӣ, зардўзӣ, мўҳрабофӣ, заргарӣ, нонпазӣ, йўрмадўзӣ, дўзандагӣ, армуғонҳо аз сангҳои ороишӣ ва дигар намудҳои ҳунармандию косибиро пешниҳод намуда, фурўши онҳоро низ бо маром ба роҳ монданд.
Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ якчанд нафароне, ки бо гирифтани қарзҳои имтиёзноки мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ фаъолияти худро оғоз намудаанд, фурўши маҳсулотҳоро бо нархи нисбатан аз бозор арзон ба роҳ монданд.
Дар рафти баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ бошад, ҷиҳати бо шуғл фаро гирифтани шаҳрвандони бекор ба 250 нафар роҳхат дода шуда, 126 нафар хоҳишимандон ба курсҳои кўтоҳмуддати касбомўзии марказҳои таълимии соҳа номнавис гардиданд.
Тоҳирзода Наимҷон –
сарутахассиси Раёсати
Агентии меҳнат ва шуғли
аҳолӣ дар вилояти Суғд