АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баргузории «Мизи мудаввар» дар Агетии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

12/05/2017


Рўзи 4 майи соли 2017 баргузории мизи мудаввар дар дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Зайниддин ва Кумитаи давлатии аминияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфуллоев Қаноатулло Исматуллоевич ва Наимов Вафо. Дар ин мизи мудаввар Муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ, Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ва Филиали «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Маҷлисро Абдураҳмонов Б.М. муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ оғоз намуда, сараввал меҳмононро ба иштирокчиёни маҷлис шинос намуд ва аз номи роҳбарияти Агентӣ барои иштирокашон изҳори минатдорӣ баён каруданд. Абдураҳмонов Б. М., якчанд иқтибосҳоро аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22.12.2016 ироа гардида буд ёдовар шуда қайд намуд, ки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремисти дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷи мусоидат менамояд. Вобаста ба ин Агенти меҳнат ва шуғли аҳолӣ зарур шуморид, ки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват намояд ва бо кормандони Агентӣ ва ташкилотҳои системаи он дар ин самт равшанӣ андозанд. Сухан аз руи масъалаи рўзнома ба намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷўразода Зайниддин дода шуд. Муҳтарам Ҷуразода З. дар баромади хеш оид ба зарурияти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ва Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бар зидди терроризмро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаян менамояд гуфта гузашт. Ҳамзамон Ҷўразода З. аз фаъолияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ, ки дар ин давра фаъолияти 17 ҳизбу ҳаракатҳо баста шудааст қайд кард. Инчунин оид ба ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, ки солҳои охир дар байни ҷавонону калонсолон ба қайд гирифта шудааст бо далелҳои мушахас ва сабаби пайдошавии онҳоро фаҳмонда дод. Ҳамзамон сухан аз рўи масъалаи рўзнома ба намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфуллоев Қаноатулло дода шуд. Дар баромадаш Сайфуллоев Қ қайд намуд, ки таги солҳои охир шомилшавии шаҳрвандони мо ба гурўҳҳои террористӣ, экстремистӣ ва ифротгаро кам шуда истодаанд. Имрўзҳо ҳукумати мамлакат ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ кушиш ба харҷ медиҳанд, ки пеши роҳи чунин шахсони гумроҳзада гирифта шавад. Сайфуллоев Қ, дар баромадашон гуфтанд, ки пеш аз ҳама фаромуш набояд кард, ки мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва ифродгарои фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳоли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Сайфуллоев Қ, як қатор факту рақамҳоро дар ин самт гуфта гузашта роҳҳои пешгирии чунин ҷиноятҳо фикру мулоҳизаҳои худро ба таври васеъ баён намуд. Оид ба масъалаҳои баррасишуда, аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ва ташкилотҳои системаи он ба намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо дода шуда ва ҷавобҳои қаноатманд гирифта шид. Мо бояд шукргузорӣ аз тинҷиву оромӣ, сулҳу Ваҳдати миллӣ, ободии кишвар намуда, нисбати хизматҳои шабонарўзӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бетараф набошем. Дар фарҷоми маҷлис Абдураҳмонов Б.М., ба меҳмонон Ҷўразода Зайниддин, Сайфуллоев Қаноатулло Исматуллоевич ва Наимов Вафо, барои иштирок ва суханрониҳои пурмуҳтавояшон аз номи роҳбарияти Агентӣ ва тамоми иштирокчиён изҳори минатдорӣ намуда, ҳозиринро бовар кунонид, ки минбаъд ҳамкории соҳавиро бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷкистон идома хоҳанд кард. Шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ