АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони«Ҳунар беҳтар аз зар бувад»

06/05/2019


Тибқи банди 5-и Амри Раиси вилояти Суғд аз 16 январи соли 2019, №15амр «Дар бораи таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140», қарори Раиси вилояти Суғд аз 15 марти соли 2019, №132 Дар бораи баргузории Фестивали вилоятии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» ба тасвиб расида буд.
Бояд қайд намуд, ки дар асоси қарори мазкур ва низомномаи он охири моҳи март ва аввали моҳи апрели соли ҷорӣ даври якуми Фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардида, ғолибон ба даври вилоятӣ пешниҳод карда шуданд.
Санаи 19 апрели соли 2019 дар бинои Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд даври вилоятии Фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 130 нафар ҳунармандон аз шаҳру ноҳияҳо бо пешниҳоди наздик 50 номгўи ҳунарҳои мардумӣ иштирок намуданд.
Дар натиҷа маҳсулоти ҳунармандии иштирокчиёни Фестивал аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ карда шуда, 12 нафар ҳунармандони шаҳру ноҳияҳо соҳиби дипломҳои дараҷавӣ ва тўҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гардиданд, ки тўҳфаҳои мазкур аз ҷониби муовини Раиси вилоят муҳтарама Назира Ғаффорӣ ба ғолибон тақдим карда шуданд.
Аз ҷумла, шаҳру ноҳияи Мастчоҳ (нонпазӣ), Бўстон (пухтани таъомҳои миллӣ), Спитамен (маҳсулоти қаннодӣ), Бобоҷон Ғафуров (адрасу атласбофӣ), Панҷакент (сўзанидўзӣ), Хуҷанд (расмкашӣ дар рўи пўст), Исфара (кулогарӣ), Шаҳристон (чўбкорӣ), Деваштич (кандакорӣ), Истаравшан (кордсозӣ), Конибодом (оҳангарӣ) ва Истиқлол (армуғонҳо аз санг).
Ҳамчунин барои иштироки фаъолонаи ҳунармандон дар Фестивали вилоятии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Гулистон, Зафаробод, Ҷаббор Расулов ва Кўҳистони Мастчоҳ сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тақдим карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки санаи 27 апрели соли 2019 дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии бевоситаи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Тағойзода Сумангул Саид даври ҷумҳуриявии Фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» баргузор гардид ва дар он ғолибони даври вилоятӣ аз 12 шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Дар натиҷа маҳсулоти ҳунармандии иштирокчиёни Фестивал аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ карда шуда, 9 нафар ҳунармандони шаҳру ноҳияҳо соҳиби дипломҳои дараҷавӣ гардиданд, ки дипломҳои мазкур аз ҷониби роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон тақдим карда шуданд.
Ҳамчунин барои иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар Фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» Ифтихорномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тақдим карда шуд.
Тоҳирзода Наимҷон – 
сармутахассиси Раёсати 
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 
дар вилояти Суғд