АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ярмаркаи ҷумҳуриявии ҷойҳои кории холӣ

09/05/2019


Санаи 3 – юми  майи соли 2019, дар ҳамкори бо Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ярмаркаи ҷумҳуриявии ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ВМКБ дар бинои Маркази ҷавонони шаҳри Хоруғ, вилояти Хатлон дар минтақаи Бохтар, назди Театри мусиқӣ мазҳакавӣ ба номи А. Муҳаммадҷон, минтақаи Кўлоб назди Театри мусиқӣ мазҳакавӣ ба номи С. Вализода шаҳри Кўлоб, вилояти Суғд назди Майдони «Регистони»-и бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар марказҳои ноҳияҳо ин ярмаркаҳо баргузор гардиданд.
Дар ярмаркаи шаҳри Душанбе зиёда аз 80 ташкилоту муассисаҳои шаҳри Душанбе иштирок намуда, 2075 ҷойҳои кории холиро ба шаҳрвандони бекор корҷўй ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта пешниҳод намуданд. Дар ярмаркаи мазкур ба 64 нафар шаҳрван барои бо ҷойи кор таъмин гардидан роҳхат дода шуд 32 нафар тадқиқоти сотсиологӣ ва 38 нафар машварати касбӣ гирифтанд. Аз ҷониби Маркази машварати ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ бошад ба 80 нафар хизматҳои машварати расонида шуда ба қайд гирифта шуданд. 
Инчунин, дар ин ярмаркаҳо намояндагони Агентии бо кортаъминкуни дар хориҷа зиёда аз 1000 ҷойҳои кории холӣ  аз ҷумла, шаҳрҳои Беларусия, Москва, Лаҳистон ва Туркия бударо ба шаҳрвандони бекор корҷўй ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта пешниҳод намуданд.
-  дар ярмаркаи баргузор намудаи мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар  шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, Роғун, ноҳияҳои Шаҳринав, Нуробод, Тоҷикобод, Файзобод, Рашт, Лахш бошад 150 ташкилоту муассисаҳо иштирок намуда, 1105 ҷойҳои кории холиро ба 1220 нафар шаҳрвандони бекор корҷўй ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта пешниҳод намуданд, ки дар ин ярмарка ба 147 нафар барои бо ҷойи кор таъмин гардидан ва ба 125 нафар барои ба касбомўзӣ фаро гирифтан роҳхат дода шуд.
-   ВМКБ 12 ташкилоту муассисаҳо иштирок намуда, 74 ҷойҳои кории холиро ба 250 нафар шаҳрвандони бекор корҷўй ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта пешниҳод намуданд, ки дар ин ярмарка ба 45 нафар барои бо ҷойи кор таъмин гардидан ва 55 нафар шаҳрвандон барои ба омўзиши касбҳо роҳхат дода шуда ва 30 нафар машваратӣ касбӣ гирифтанд. 
-   дар вилояти Хатлон 264 ташкилоту муассисаҳо иштирок намуда, 3353 ҷойҳои кории холиро ба 4015 нафар шаҳрвандони бекор корҷўй ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта пешниҳод намуданд, ки 416 нафар барои бо ҷойи кор таъмин гардидан ба 287 нафар шаҳрвандон барои ба касбомўзӣ ҷалб гардидан роҳхат дода шуд.
-   дар вилояти Суғд 317 ташкилоту муассисаҳо иштирок намуда, 2899 ҷойҳои кории холиро ба 4573 нафар шаҳрвандони бекор корҷўй ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта пешниҳод намуданд, ки 458 нафар барои бо ҷойи кор таъмин гардидан роҳхат дода шуд, ки аз ин шумора 304 нафар ҷавонон ташкил медиҳанд. Ба 282 нафар шаҳрвандон барои ба касбомўзӣ роҳхат ва 54 нафари дигар ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд. 
Дар маҷмуъ дар ин ярмаркаҳо 746 ташкилоту муассисаҳо иштирок намуда, 10,506 ҷойҳои кории холиро ба 10058 нафар шаҳрвандони бекор корҷўй ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта пешниҳод намуданд. 
Тавассути ярмаркаҳои мазкур дар таърихи 3 май соли ҷорӣ 1055 нафар шаҳрванд барои бо ҷойи кор таъмин гардидан,  623 нафар ба касбомўзӣ роҳхат дода шуда 54 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардида ба 32 нафар тадқиқоти сотсиологӣ, 68 нафар машварати касбӣ ва ба 80 нафари дигар бошад хизматҳои машварати пеш аз сафар ба хориҷи кишвар расонида шуд.