АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Семенар (омўзишӣ)-и кормандони дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳоли дар мавзўи «Об барои

09/05/2019


Семенар (омўзишӣ)-и кормандони дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон аз 26 октябри соли 2017, №487 вобаста ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар мавзўи «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки намояндагони  Вазорати энергетика ва захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Шарифов Гул Ваҳобович баргузор гардид.
 
Санаи 30 апрели соли 2019  дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ мулоқот бо иштироки намояндаи  Вазорати энергетика ва захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифов Гул Ваҳобович  дар мавзўи « Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Амирбекзода М.Ҷ., ифтитоҳ намуда, сипас қайд кард, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон аз 26 октябри соли 2017, №487 вобаста ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ тасмим гирифтааст, ки семенар машварат дар мавзўи «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, инчунин иттилоотонии онҳо ҷиҳати даҳсолаи амал об барои рушди устувор баргузор намояд.  Боиси фараҳу  сарфарозӣ ва саодати мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки санаи 22 декабри соли 2016  Қатъномаи Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаи  “ Даҳсолаи байналмилалии амал Об барои рушди устувор, 2018-2020” қабул  ва дар матбуоти ҷаҳон ба тавсиб расид. Амалӣ гаштани ин ҳуҷчати муҳим  ба  иқдому пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвандӣ дошта, мавқеи устувор касб менамояд. Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббускори тамоми қатъномаҳои  дар даҳсолаи  охир қабулнамудаи СММ буда, то ин дам се пешниҳод дар  ин самт қабул гардидааст. Аз ҷумла; “ Соли байналмилалии оби тоза ” эълон шудани соли 2003,  даҳсолаи байналмилалии амал “ Об барои ҳайёт ” эълон шудани солҳои 2005-2015, соли байналмилалии ҳамкорӣ  дар соҳаи  об эълон шудани соли 2013 ва ахиран қабули қатъномаи  “ Даҳсолаи байналмилалии амал “ Об барои рушди устувор, 2018-2020 ” дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. 
  Мардуми сарбаланди кишвар зиндагии шоиставу фаъолияти пурсамар намуда,  ҳамзамон аз он тафохур доранд, ки иқдоми наҷибу навбатии Ҳукумати Тоҷикистон вобаста  ба масъалаи об аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид  пазируфта шуд. Даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат  ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувор марбут ба захираҳои об саҳми пурарзиш гузошта, мақсади нави стратегии ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад, ки ба хотири ҳаёт  ва инсоният равона шудааст. 
 Хадафхои  бар асоси ин ташаббусҳо  гузошташуда, хеле наҷибона, инсондўстона ва оқилонаву саривақти буда, онҳо ба бартараф  намудани  мухолифатҳо байни кишварҳои минтақа  дар масъалаи истифодаи захираҳои  об фароҳам  овардани фазои боварӣ ва эҳтиром ба  манфиатҳои ҳамдигар,  ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати  пешгирии боз ҳам шаддидтар шудани танқисӣ аз захираҳои об равона шудаанд.
Сипас намояндаи намояндаи  Вазорати энергетика ва захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Шарифов Гул Ваҳобович баромад намуда мафҳум, моҳият ва сарчашаи обро ба аҳли толор баён карда, мақсад ва моҳияти ташабусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созмонҳои байналхалқиро, ки ба масъалаи об бахшида шудааст фаҳмонида дод.
Оид ба масъалаи баррасишуда аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ба муҳтарам Шарифов Гул Ваҳобович саволҳо дода шуда ва ба онҳо ҷавобҳои қаноатманд гирифта шуд.
Дар охир Амирбекзода М.Ҷ., ба меҳмонон бори дигар барои иштирокашон ва суханрониҳои пурмуҳтавояшон аз номи роҳбарияти Агентӣ ва тамоми иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуда, бовар кунонид, ки минбаъд ҳамкориро бо Вазорати энергетика ва захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳанд дод.  
     
      Шуъбаи ҳуқуқи  
дастгоҳи марказии Агентӣ