АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Семинар – машварат ва вохўри бо иштироки хонандагону омўзгорон доир гардид.

13/05/2019


     Кормандони МД “Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ” тибқи нақша – чорабиниҳои «Барномаи рушди роҳнамоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» пайваста дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои дуруст ва бошуурона  интихоб намудани касб семинар – машваратҳо ва вохўриҳо бо иштироки хонандагону омўзгорон доир менамоянд.
    Аз ҷумла чунин чорабинӣ санаи 24.0.4.2019 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68-и н.И.Сомонӣ дар мавзўи «Интихоби касб - иқдоми муҳим ва тақдирсоз» бо иштироки  кормандони Марказ, омўзгорон ва хонандагони муассиса барпо гардид.
        Дар чорабинӣ кормандони Марказ муовини директор Раҳимов И., мудири шуъбаи машварати касбӣ ва интихоби касб дар  шаҳри Душанбе Раҷабов А. сармутахассиси шуъбаи машварати касбӣ ва интихоби касб дар шаҳри Душанбе (н.Сино) Искандарова С., мутахассиси пешбари шуъбаи машварати касбӣ ва интихоби касб дар ш.Душанбе (н.И.Сомонӣ) Қаюмова Т., мутахассиси пешбари шуъбаи ташкили методӣ ва ахбори касбӣ Амиршоева Г., директори муассиса Солиҳова П., муаллими кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДДОТ ба номи С.Айнӣ  Ҳафизов Т., ва намояндаи шуъбаи маорифи н.И.Сомонӣ Восидов З. низ дар мавзўъҳои гуногуни интихоби касб суханронӣ карданд.
      Дар рафти семинар аз ҷониби толибилмони ин муассиса оид ба интихоби касб саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва шеъру суруд, рақс, бадеҳаи халқӣ,  ва намуди либос дар иҷрои гулдухтарони синфҳои «10»-«11» навозиши асбоби зарбӣ, бахусус суруди “Алла”  дар васфи “Ватан” дар иҷрои хонандагони синфи 9 саҳначаи бадеии хонандагони синфҳои болоӣ шоистаи таваҷҷуҳ буданд.
Дар саҳни муассиса маҳсули меҳнати хонандагон – сузаниҳо, ёдгориҳои таърихию миллӣ ва анъанаҳои қадимаи заргарӣ маҳсули ихтирокардаи худро пешкаши ҳозирин гардониданд. Бояд иброз намуд, ки чунин чорабиниҳои марбут ба касбу ҳунар ҳамасола дар ин муассисаи таълимӣ  ташкил ва баргузор мегарданд, ки онҳо дар рушду сайқал додани донишу малакаи хонандагон дар самти ҳунаромўзию интихоби касб мақоми муҳим доранд.
     Маълум мешавад, ки дар ин муассиса оид ба интихоби касб таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.