АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қадри қатраи оби тоза

16/05/2019


          Об манбаи ҳаёт, ҳосили фаровон ва неърўи барқ аст. Чуноне, ки файласуфи шарқ гуфтааст. «Ҷаҳон аз қатраи оби тоза инъикос меёбад». Ҳақиқатан ҳам, дар қатраи об инъикоси ҷаҳонро дидан мумкин аст. Одамон аз қадимулайём обро муқаддас мешуморанд ва нияти инсонро ба об ташбеҳ медиҳанд. «Умрат мисли об дароз бошад». Маъсалаи тоза нигоҳ доштани об ва оқилонаву самаранок истифода бурдани он мадди аввали ҳамагон меистад.
         Обро поку тоза доштан сарф накардан аз ҷумлаи арзишҳои аҳлоқи Исмол дониста шудааст. Тоза нигоҳ доштани он барои ҳифзи саломатии инсон муҳим аст. Дар уруфият мегўянд «Ҳама чизро об тоза мекунад аммо обро чашм».
         Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мухтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эъломияи солҳои 2018 – 2028 «Даҳсолаи байналмиллалии амал об барои рушди устувор» боз як шарафмандии бугурги давлатӣ мо буда, пешниҳод аз тарафи давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон хеле хуб дастгири ёфт. Бар асари истеҳмоли обҳои шўр, тоза набуда дар сар то сари дунё миллионҳо нафар аъзият мекашанд, тақрибан чоряки аҳолии сайёра ба камбуди оби тозаи ошомидани рў ба рў шуда миқдорашон сол аз сол зиёд мегардад, ки боиси дастгирист.
        Бисёр кишварҳои хурду бузург барои таъмини эҳтиёҷоти худ барои таҳлили оби баҳр маблағҳои зиёд сарф мекунанд, амма ба он обу ширину зулоле, ки дар дарёҳои Тоҷикистон ҷорӣ мешавад, баробар шуда наметавонад.
        Об ганҷи рахмат ганҷи беминнат аст. Мо ҷавонони саодатманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дар навбати худ бояд барои ободони ҳар як пораи меҳанамон кўшиш менамоем ва ҳар қатраи ин ганҷи нотакрори ҳаётро поку масаффо нигоҳ дорем ва нагузарем, ки сарвати бебаҳои Худодод беҳуда исроф гардад.
Мутахассиси шуъбаи Агентии
меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар н. Ашт:                        
Ф. Ашурова