АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар маркази шаҳри Исфара

27/05/2019


       Мувофиқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр санаи 21-майи соли 2019 дар назди Кохи фарҳанги шаҳр бо мақсади бо кор таъмин намудан, ба касбомўзӣ фаро гирифтани аҳолии бешуғл, таблиғи сиёсати шуғл бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд.
       Дар ярмарка 500 ҷойҳои кории холӣ бо музди меҳнати аз 400 сомонӣ то 2350 сомонӣ аз тарафи 60 кордиҳандагон пешниҳод карда шуд.
        Тавассути ярмарка 28 нафар бо кори доимӣ таъмин гардида,18 нафар ба касбомўзӣ номнавис карда шуданд.
           Дар ярмарка 586 нафар иштирок карданд. 
   Дар ҷараёни ярмарка намоиш-фурўши маҳсули дастони ҳунармандони мардумӣ, касбомўзони филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳр, ва шахсоне, ки бо истифодаи қарзҳои имтиёзноки раёсат ба соҳибкорӣ машғуланд, ташкил карда шуд.
     Кормандони раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр, филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳр, шўъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр, шўъбаи кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавонон, намояндаи Муассисаи давлатии "Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ", мутахассиси роҳнамои касбӣ оид ба масъалаҳои бо кор таъминкунӣ, касбомўзӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, муҳоҷират ва ҳифзи меҳнат сухан ронданд.
        Инчунин намояндагони ташкилотҳои қарздиҳии хурд имкониятҳои хизматрасонии худро ба иштирокчиёни ярмарка пешниҳод карданд.
Сардори раёсат
Н.Қурбонов