Мизи мудаввар оид ба пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба ҳолатҳои коррупсионӣ


Рӯзи 14 марти соли 2017 дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ вохӯри ва мулоқот бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори Раёсати 1-уми Сарраёсати пешгирии коррупсия Турсунзода Шодком Худоимурод ва сарнозири Раёсати мазкур Одинамаҳмадзода Парвиз Одина ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба ҳолатҳои коррупсионӣ баргузор гардид. Дар ин мулоқот директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, муовинони директор, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар, мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» иштирок намуданд. Маҷлисро муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Абдураҳмонов Б.М. ифтитоҳ намуда, сараввал меҳмонони маҷлис Турсунзода Ш.Х. ва Одинамаҳмадзода П.О-ро ба кормандони дастгоҳи марказӣ муаррифӣ намуда, барои иштирокашон ва ба инобат гирифтани дархости роҳбарияти Агентӣ аз номи роҳбарият изҳори минатдорӣ намуд. Абдураҳмонов Б.М. қайд намуд, ки хадафи баргузории чорабинии имрӯзаро бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ва инчунин иттилоотонии онҳо вобаста ба пешгирӣ намудан аз ҷиноятҳои коррупсионӣ маънидод кард. Барои баррасии масъалаи рӯзнома оид ба пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба ҳолатҳои коррупсионӣ сухан ба Турсунзода Шодком – муовини сардори Раёсати 1-уми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Муҳтарам Турсунзода Ш.Х. дар баромади хеш пеш аз ҳама барои даъваташон ба мизи мудаввар ба роҳбарияти Агентӣ изҳори минатдорӣ намуда, қайд намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои пешгирии амалҳо ва ҷиноятҳои вобаста ба коррупсия бисёр ба маврид аст. Ҳамзамон Турсунзода Ш.Х. аз фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, қайд намуд, ки «Коррупсия» - зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обу рӯву эътибори онро пост карда, барои истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад. Турсунзода Ш.Х. зикр намуд, ки сатҳи коррупсия дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу судҳо, соҳаҳои заминсозиву тандурустӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ баланд мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди мавҷуд будани омилҳои зиёди коррупсионӣ дар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти молиявӣ дар литсейҳо ва дигар ташкилоту идораҳо дар ҳолатҳои гузаронидани санҷишҳо ба қонуншиканиҳо роҳ дода шудааст. Фаромуш набояд кард, ки мубориза бар муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Турсунзода Ш.Х. бо як қатор факту рақамҳо қонуншиканиҳо дар фаъолияти молиявии ташкилоту идораҳо ва роҳҳои пешгирии онҳо диққати ҳамагонро ҷалб намуда фикру мулоизаҳои худро ба таври васеъ баён намуд. Дар фарҷоми чорабини директори Агнетии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, муҳтарам Баротзода Бобохон Хол ба меҳмонон Турсунзода Ш.Х. ва Одинамаҳмадзода О.П. барои иштирок ва суханрониҳои пурмуҳтавояшон аз номи худ ва тамоми иштирокчиён изҳори минатдорӣ намуда, ҳозиринро бовар кунонид, ки минбаъд ҳам Агентӣ тасмим гирифтааст, ки чунин вохӯриҳоро бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд намояд, чун ки ин вохӯриҳо барои фаъолияти кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва зерсохторҳои он мусоидат хоҳад кард. Шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ