АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Мизи мудаввар дар мавзўи «Муносибатҳои меҳнатӣ» гузаронида шуд.

28/05/2019


        Рўзи 28 – уми майи соли 2019 дар маҷлисгоҳи МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» Мизи мудаввар дар мавзўи «Муносибатҳои меҳнатӣ» гузаронида шуд. Дар мизи мудаввар иштирок карданд: Муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ - Носирзода Д.М., сардори Раёсати ҳифзи меҳнат - Мақсатуллозода П.,    сардори Шуъбаи музди меҳнат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ - Иброҳимзода З., Муовини сардори Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ашурализода А.А., намояндаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон - Бобоев И., намояндаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ахмедова Ш., намояндаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ - Бобозода И., Мудири бахши мониторинги меҳнати кўдаки Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ - Давлатмирова Т.,. - сардори раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе - Иброҳимов М., сардорони шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияҳои И.Сомонӣ - Шерализода С., Шоҳмансур - Сафарзода Ҷ., Фирдавсӣ - Ҷумазода Н., сармутахассиси шуъбаи Агентии ноҳияи Сино - Гулмамадова М., ва намояндагони 75 адад корхона, муассиса ва ташкилотҳои гуногунсоҳа новобаста аз шакли ҳуқуқи ва моликият иштирок варзиданд.
 
       Дар аввал муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муҳтарам Носирзода Д. М. бо суханони ифтитоҳӣ иштироккунандагони миззи мудавварро хайрамақдам намуда, дар бораи сабаби зарурати ташкилу баргузории ин мизи мудаввар ва мазмуну муҳтавои мавзўи муносибатҳои меҳнатӣ сухан кушода қайд намуданд, ки яке аз самти фаъолияти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ  ин самти муносибатҳои меҳнатӣ ба шумор меравад.     
      Дар ин ҷода яке аз масъалаҳои муҳим ин бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва расонидани кўмаки методию амалӣ ба ташкилоту корхонаҳои ҷумҳурӣ доир ба татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад гуфта гузаштанд, ки барои боз ҳам мукамал намудани мавзўъ суханро тибқи Барномаи таҳияшуда ба сардори Раёсати ҳифзи меҳнат Мақсатуллозода П. М. доданд.  
        Сардори Раёсати ҳифзи меҳнат ба иштирокчиёни миззи мудаввар барои иштироки фаъолона дар ин чорабинии мазкур арзи сипос намуда, қайд намуданд, ки вохўрии имрўза дар мавзўи «Муносибатҳои меҳнатӣ», ки аз муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, бо мақсади расонидани кўмаки амаливу методӣ, тарғибу ташвиқи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои супориши банди 3-и Протоколи маҷлиси Ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 2019, супориши банди 3-и қарори Шурои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз 12 апрели соли 2019, «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар семоҳаи якуми соли 2019» ва пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2019 оид ба «Бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда ҳангоми иҷрои қонунгузорӣ вобаста ба ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ» баргузор гардида истодааст.
    Инчунин, Мақсатуллозода П. М. дар давоми баромад қайд намуданд, ки дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ аз ҷониби мутахассисони дастгоҳи марказии вазорат, сохторҳои он ва мақомоти прокуратура дар баъзе аз ташкилоту корхонаҳои ҷумҳурӣ оид ба риояи татбиқи талаботҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқукии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муносибатҳои меҳнатӣ санҷишҳо гузаронида шуда.
       Ҳамзамон, сардори Раёсати ҳифзи меҳнат дар баромади худ дар бораи манфиат ва ҳифзи меҳнати кормандон бо бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва  шартномаҳои коллективӣ ва ҳатми будани бастани шартномаҳои коллективӣ, тартиби бастани шартномаҳои коллективӣ, ўҳдадориҳои кормандон ва корфармён, рухсатиҳои иловагии ҳарсола, музди маоши кори шабона, оид ба муҳофизати инфиродӣ ва гигиениву профилактикӣ ва дигар масъалаҳо мутобиқи талаботи моддаҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, моддаҳои 16, 26, 30, 79, 95, 96, 147, 154, 156, 308, 333, 335, 342, 348 ва ғайраҳо зина ба зина ба ҳозирини миззи мудаввар фаҳмонда шуд. 
        Пас аз баромади шахсони масъул дар мизи мудаввар, намояндагони корфармоён оид ба мушкилиҳои самти кориашон ва масъалаҳои ҳалталаб таклифу саволҳои худро пешниҳод намуданд
       Баъдан суханрони намуданд: Муовини сардори Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ашурализода А.А., намояндаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Бобоев И., намояндаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ахмедова Ш., намояндаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  Бобозода И., Мудири бахши мониторинги меҳнати кўдаки Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ  Давлатмирова Т.
       Хозирин ба намояндагон саволу дархостҳои худро баён намуда, ҷавобҳои мушахас гирифтанд 
       Раёсати ҳифзи меҳнат