АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Риояи талаботҳои ҳифзи меҳнат дар сохтмони театри миллӣ дар шаҳри Хоруғ.

29/05/2019


     Дар даврони соҳибистқлолии кишвар симои шаҳри Хоруғ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли тағир ёфтааст. Сохтмони бинои боҳашамати сеошиёнаи театри миллӣ маркази шахри Хоруғ барои 1000 ҷойи нишист ахтарест дар байни қуллаҳои баланди Бадахшон барои аҳоли ҳунари вилоят.
     Фармоишгари сохтмони бино дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгохи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пудратчии ширкати сохтмонии маҳаллӣ «Бунёд» мебошад.
     Дар корҳои сохтмонии бинои театри миллӣ дар шаҳри Хоруғ 80 нафар сокинони шаҳри Хоруғ ва нохияи Шуғнон ҷалб гардида аксари онҳо муҳоҷирони мехнатии ба ватан баргашта мебошанд.
     Бо мақсади фаҳмонидани риояи қоидаҳои техникаи беҳатарӣ аз ҷониби кормандон, таъмини бехатарии ва ҳифзи меҳнат аз ҷониби корфармо дар сохтмони театри миллӣ дар шаҳри Хоруғ мулоқоти сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ дар ВМКБ бо кормандони ширкати сохтмонии «Бунёд» доир гардид.
     Зимини мулоқот Назиров М. сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ уҳдадориҳои корфарморо оид ба таъминии бехатарӣ ва ҳифзи меҳнатро дар доираи талабоҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштироккунандагон шарҳ дод.
     Саидикова Назарсултон муовини директори корхонаи масъулияташ маҳдуди «Бунёд» ҳангоми баромад иброз намуд, ки меъёрҳои пешбинишудаи дар моддаҳои 346 – уҳдадориҳои корманд дар сохаи ҳифзи мехнати Кодекси мехнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ширкати онҳо риоя гардида, аз ҷониби муҳандиси техникаи бехатарии корхона ҳар рўз дастур оид ба техникаи беҳатарӣ дар ҷой кор ба кормандон дода мешавад. Номбурда ҳамчунон қайд кард, ки хушбахтона дар рафти корҳои сохтмоне, ки аз ҷониби ширкати онҳо анҷом дода мешавад ҳодисаҳои нохуш ба қайд гирифта нашудаанд.
     Дар охири мулоқот сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Муҳтори Кўҳистони Бадахшон Назиров М. ба саволҳои иштирокчиён оид ба ҷавобгарии корфармо барои вайрон кардани шартҳои шартномаи меҳнатӣ, музди меҳнат, андозаи ҳадди ақали музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №303 «Дар бораи коэффитсентҳои ноҳиявӣ, коэффитсентҳо барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баланкўҳ» посух дод.
Сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 
дар ноҳияи ВМКБ М. Назиров