АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар деҳаи Ворух

19/06/2019


      Мувофиқи нақшаи кори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Исфара бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ  ҷиҳати бо кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор, ба касбомўзӣ фаро гирифтани аҳолӣ, мусоидат ба рушди ҳунарҳои мардумӣ санаи 12 июни соли 2019 дар назди бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 22-и  деҳаи Ворух ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва намоиши дастранҷи ҳунармандони мардумӣ баргузор гардид.
      Дар ҷараёни ярмарка, ки 354 нафар сокинони деҳа иштирок карданд, 523 ҷойҳои кории холӣ бо музди меҳнати аз 400 то 2040 сомонӣ пешниҳод карда шуд, 12 нафар бекорон тавассути роҳхат бо кори доимӣ таъмин гардида, 16 нафар ба касбомўзӣ номнавис карда шуданд.
  
      Дар маросими кушодашавии ярмарка Қурбонов Н- сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Исфара, Абдуманнонова Ш.- мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, Болтаева С. – муовини раиси  ҷамоати деҳоти Ворух, Ашўров И.- директори филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Исфара, Назиров И.-муовини директори Литсейи саноати нафту гази шаҳраки Нефтобод, Холматов Б. - раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷамоати деҳоти Ворух,  Аҳмедов М.- сардори Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Исфара ва Тешаева Т.-омўзгори курси кўтоҳмуддати дўзандагӣ дар деҳаи Ворух баромад карда, бо кор таъминкунии бекорон, ба касбомўзӣ фаро гирифтани шаҳрвандон ва ташкили курсҳои  кўтоҳмуддати касбомўзӣ оид ба омўзиши ҳунарҳои мардумӣ ва дигар касбу ихтисосҳои дар бозори меҳнат талаботдошта тавассути муассисаҳои таълимии касбӣ,  рушди ҳунарҳои мардумӣ дар «Солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», пешгирии қонуншиканӣ ва оқибатҳои нанговари терроризм ва экстремизм, шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои характери иртиҷоидошта, тарбияи ватандўстии ҷавонон, муҳоҷират ва ҳифзи меҳнат сухан ронданд.
      Қайд карда шуд, ки касбу ҳунаромўзӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ барои худтатбиқкунии шаҳрвандон, беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва рушди маҳал мусоидат мекунад.
Дар саҳни Маркази ҷавонон намоиши дастранҷи ҳунармандон ташкил карда шуд. 
Инчунин ба 21 нафар хатмкунандагони курси кўтоҳмуддат аз рўи ихтисосҳои  дўзандагӣ шаҳодатномаҳои касбӣ супорида шуд. 
      Аз тарафи мутахассиси пешбари МД «Маркази ҷумҳуриявии роҳнамои касбӣ» дар шаҳри Исфара, намояндагони филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳр, Литсейҳои касбии техникии нафту газ ва саноати кўҳии шаҳри Исфара дар байни хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳоти Ворух ва корҷўяндагон  оид ба интихоби касб, алалхусус ба касбҳои коргарие, ки дар муассисаҳои давлатии Литсейҳои касбии техникии шаҳри Исфара омўзонида мешаванд,  корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуд. 
      Аз аввали соли ҷорӣ дар шаҳру деҳоти шаҳри Исфара  11 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кории  холӣ баргузор гардида, тавассути онҳо ба 144 нафар шаҳрвандон роҳхат ба кори доимӣ дода шуда, аз онҳо 127 нафарашон, аз он ҷумла 78 нафар занон ва 53 нафар ҷавонон ба кори доимӣ таъмин гаштанд, 148 нафар ба курсҳои кўтоҳмуддати касбомўзӣ ва 18 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок номнавис гардиданд.     
      Дар ярмаркаҳои баргузоргардида ба 4748 нафар иштироккунандагон 5005 адад ҷойҳои кории холӣ аз ҷониби 119 корхонаву муассисаҳо пешниҳод карда шуд, 285 нафар шаҳрвандони корҷўй ба шуғл фаро гирифта шуд.
              Н. ҚУРБОНОВ
 Сардори Раёсати Агентии меҳнат
     ва шуғли аҳолӣ ш.Исфара