АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Касбомўзии дар шаҳри Ҳисор

09/07/2019


       Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ҳисор 16 нафар занону духтарони хонашинро ба омўзиши ҳунари духтани либосҳои мактабӣ сафарбар намуд. Касбомўзии мазкур тавассути Филиали Муассисаи Давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Ҳисор сурат гирифта ду моҳ давом меёбад.
       Санаи 26-уми июни соли равон кормандони масъули Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ оид ба масъалаҳои муносибатҳои меҳнатӣ бо роҳбарияти ҶДММ “Тоҷи заррин”, ки ба истеҳсол ва фурўши маҳсулоти ҳунармандӣ - заргарӣ машғул мебошанд, вохўрии омўзишиву фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд, ки дар ин чорабинӣ 15 нафар кормандони ширкати мазкур бо намояндаи иттифоқҳои касабаи худ иштирок доштанд.
       Дар раванди корҳои фаҳмондадиҳӣ мутасадиёни соҳаи меҳнат бо иштироккунандагон доир ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти кормандон дар вақти корӣ ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш суҳбат ороста, ба корфармо ва кормандон оид ба зарурат ва тартиби бастани шартномаи коллективиро фаҳмонда доданд.
             Ҳ. РАҲИМОВ
Сардори Раёсати Агентии меҳнат
ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ҳисор