АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар мардикорбозори мавзеи «Гулистон»-и шаҳри Хуҷанд

22/06/2019


      Тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ санаи 21-уми июни соли 2019 дар мардикорбозори мавзеи «Гулистон»-и шаҳри Хуҷанд ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод ташкил ва гузаронида шуд.
      Дар ярмаркаи мазкур аз ҷониби Раёсату шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин намояндагии Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» иштирок намуда, ба мардикорон зиёда аз 1030 ҷойҳои кории холиро бо маоши аз 450 то 1500 сомонӣ пешниҳод намуданд.
      Ҳамчунин дар ин ярмарка масъулини КВД «Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд» ва филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имконияти ба касбу ҳунаромўзӣ ҷалб намудани шаҳрвандони бекор пешниҳоди иширокдорон гардониданд, ки дар натиҷа нафарони хоҳишманд ҷиҳати омўхтани ҳунарҳои мардумӣ ва дигар касбҳои коргарии дар бозори меҳнат талаботдошта худро дар ин марказҳо номнавис намуданд.
      Дар рафти баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ бошад, ҷиҳати бо шуғл фаро гирифтани мардикорон ба 50 нафар роҳхат дода шуда, зиёда аз 70 нафар хоҳишмандон ба курсҳои кўтоҳмуддати касбомўзии марказҳои таълимии соҳа номнавис карда шуданд.
      Инчунин аз ҷониби намояндагии Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и вилояти Суғд 46 ҷойҳои кории холиро дар шаҳри Сант-Петербурги Федератсияи Россия барои мардикорони шаҳри Хуҷанд пешниҳод намуд.