АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Рўзи ваҳдат БИГУЗОР ИТТИҲОДИ ҶОМЕА безаволу ҷовидон бошад!

28/06/2019


      Дар маҷлисгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рўзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади мутахассисону кормандон баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангинзода Эмин Нўъмон суханронӣ карда. Дар ибтидо қайд гардид, ки «Мафҳуми Ваҳдати миллӣ барои ҳар як фарди мамлакат баробари Истиқлолият арзиши бузург дорад, зеро Ваҳдати миллӣ тавонист чун омили неруманди ҷомеа дар як марҳилаи тақдирсози таърихӣ хизмати бузургро анҷом диҳад. Тавассути ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима дода шуд ва ин дастовард ҷиҳати таъмини Ваҳдати милливу ба эътидол овардани вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар ва рушди он заминаи воқеӣ гузошт».
      Сангинзода Э.Н., ҳуҷҷати таърихии истикрори сулҳ ва ризоияти миллиро чун санади гаронбаҳои тақдирсоз арзёбӣ намуда, зикр кард, ки «аз рўзе ки Ваҳдати миллӣ насиби миллати соҳибмаърифати мо гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Равобити дўстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, имрўз Парчами давлатиамон дар қатори парчами дигар кишварҳо дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ ҷойгузин гардидааст, ки ин, бегумон, мояи ифтихору рўҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи мо тоҷикон мебошад».
Бо шарофати Ваҳдати миллӣ, дар идомаи суханронӣ гуфт муовини якуми Вазир, пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ гардидааст. Ҳамагӣ чанд рўз пештар пойтахти гулпўшамон мизбони чорабинии сатҳи баланд – Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё гардид, ки дар он сарони 27 давлати ҷаҳон иштирок карданд. Ин чорабинии муҳими сиёсиро зиёда аз 600 рўзноманигори  хориҷӣ тавассути шабакаҳои радиоиву телевизионӣ дар тамоми ҷаҳон инъикос намуданд.
       Ҳамзамон муовини якуми Вазир Сангинзода Э.Н., табрикоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саидро ба аҳли кормандони вазорат ва сохторҳои он самимона шодбош намуд.
       Бо шукргузорӣ аз суботу оромӣ ва рушду шукуфоӣ, Сангинзода Э.Н., дар анҷоми ҷамъомад бори дигар иштирокдоронро ва дар симои онҳо тамоми кормандони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро ба ифтихори Рўзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, орзу намуд, ки ин ҷашни таърихӣ роҳи давлату миллати моро ба сўи ояндаи обод ва орому осуда ҳамеша равшан ва иттиҳоди ҷомеаи моро безаволу ҷовидон нигоҳ дорад.
      Ҳамин гуна чорабиниҳои идона дар дигар муассисаҳои зертобеи вазорат низ баргузор гардиданд.