АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН бинои шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, филиали МД «Маркази таълим

05/07/2019


      Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо вазорат бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони як қатор иншооти хизматрасонӣ ба аҳолӣ, таълимию касбомўзӣ ва маъмуриро ба нақша гирифтааст.
Сохтмони бинои маъмурии иборат аз 2 қабат ва таҳхона барои зерсохторҳои вазорат дар ноҳияи Рашт аз ин қабил мебошад, ки  мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он 26-уми июни соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба истиқболи ҷашнгирии 22-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ иштирок намуд.
      Бинои мазкур дар масоҳати 750 метри муррабаъ бунёд ёфта, он аз 17 ҳуҷраи корӣ, 7 синфхона ва дигар утоқҳои ёрирасони бино иборат мебошад. Дар онҳо сохторҳои таркибии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла: шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ва бахши Хадамоти муҳоҷирати ноҳия ҷойгир карда шудаанд.
      Мавриди зикр аст, ки дар таҳхонаи бино синфхонаҳои қаннодӣ, ошпазӣ, компютерӣ, дўзандагӣ, бойгонӣ, амборхона ва дигар утоқхои ёрирасон ҷойгир карда шудааст.
      Дар ошёнаи якуми бино синфхонаҳои ороиши мўй, омўзиши компютер барои маъюбон, хонаи омўзгорон, муҳосибот, утоқҳои кории филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон», бахши Хадамоти муҳоҷират ва бойгонӣ ҷойгир гардидаанд.
      Дар ошёнаи дуюми бино бошад, толори маҷлисгоҳ барои 24 ҷой 7 утоқи кории кормандони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва бойгонӣ ҷойгир гардидаанд.
      Дар қисми қафои бинои маъмурӣ синфхонаҳои «Занбури асалпарварӣ» ва омўзиши «Кафшергарӣ» ҷойгиранд.
Бояд қайд намуд, ки дар доираи созишномаи ҳамкории вазорат аз ҷониби Ассотсиатсияи Донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV international) синфхонаҳои замбури асалпарварӣ, ороиши мўй, қаннодӣ ва компютерӣ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
     Гирду атрофи бино сабзазор гардида, гулҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан шинонида шудааст, ки ба зебоии бино ҳусни  нав зам менамояд.
    Ҳуҷраҳои корӣ ва синфхонаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ пурра муҷаҳҳаз гардида, дар онҳо 12 нафар кормандони сохторҳои таркибии вазорат кору фаъолият менамоянд. Дар заминаи таълимии бинои мазкур дар як баст то 60 нафар касбомўзон ба омўзиши касбу ҳунарҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгў фаро гирифта мешаванд.
     Корҳои сохтмонӣ дар иншооти номбурда аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «Рамзес» бо харҷи 3 млн. 770 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба анҷом расонида шуда, сифати корҳои сохтмонӣ бошад, аз тарафи мутахассисони Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ ва таъмирӣ»-и вазорат зери назорати доимӣ қарор дошт.
      Дар ҷараёни сохтмон 40 нафар мутахассисон ба кор ҷалб гардиданд.
     Ба истифода додани бинои мазкур ҷиҳати фаъолияти босамари вазорат дар самтҳои касбомўзии калонсолон, ба роҳ мондани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ, ташкили сехҳои хурди таълимӣ (дўзандагӣ, кафшергарии барқӣ, ороишгари мўй, қаннодӣ ва дигар касбҳои дар бозори меҳнат талаботи зиёддошта) ва ба ҷойи кор таъмин намудани табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз ҷумла, маъюбон, фарзандони оилаҳои камбизоат, занони бесаробонмонда, сарбозони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ баэҳтиёт рухсатшуда ва шаҳрвандони аз муассисаҳои ҷазои ҷиноӣ озод гардида, мусоидат хоҳад кард.
Бинои навбунёд имкон медиҳад, ки сатҳу сифати хизматрасониҳои иҷтимоии муосир ба аҳолии минтақаи Рашт боз ҳам хубтару беҳтар гардад.