АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Омўзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»

13/03/2017


Рӯзи 9 марти соли 2017 омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», ки аз 23 июли соли 2016, №1339 қабул гардидааст дар дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон прокурори калони шуъбаи қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиати онҳо Ибрагимова Зулфия ва прокурори калони Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Усмоналӣ, сурат гирифт. Дар ин омӯзиш муовинони директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ иштирок намуданд. Маҷлисро муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Абдураҳмонов Б.М. ифтитоҳ намуда, сараввал меҳмонони маҷлис Ибрагимова З. ва Холиқзода У-ро ба кормандони дастгоҳи марказӣ муаррифӣ намуда, барои иштирокашон ва ба инобат гирифтани дархости роҳбарияти Агентӣ доир ба омӯзиши қонуни мазкур дар дастгоҳи марказии Агентӣ аз номи роҳбарият изҳори минатдорӣ намуд. Ҳамзамон Абдураҳмонов Б.М. қайд намуд, ки хадаф аз омӯзиши қонуни мазкур оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ва вобаста ба тартиби пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии онҳо равона мегардад. Барои баррасии масъалаи рӯзнома оид ба омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» сухан ба Ибрагимова Зулфия – прокурори калони шуъбаи қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиати онҳо дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Ибрагимова З. дар баромади хеш дар бораи мафҳумҳои асосии қонуни мазкур: муроҷиатҳо, ариза, дархост, таклиф, шикоят, муроҷиаткунанда, муроҷиати электронӣ, муроҷиати шифоҳӣ, муроҷиат таввасути воситаҳои ахбори омма, муроҷиати дастаҷамъона, муроҷиати такрорӣ, шахсони баррасикунандаи муроҷиат ва китоби арзу шикоятҳо бо таври мухтасар гуфта гузашт. Ҳамзамон Ибрагимова З. дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти мамлакат - Пешвои миллат аз 22 декабри соли 2016 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд, дар бораи аҳамияти Истиклолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, масъалаҳои экстремизм ва терроризм, озодии виҷдон дар доираи талабот ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълитму тарбияи фарзанд», оид ба пешгирӣ намудани омилҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ, муроҷиати шахсони воқеӣ, вобаста ба риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ фикру мулоҳизаҳои худро ба таври васеъ баён намуд. Сухани навбатӣ тибқи рӯзномаи маҷлис ба Усмоналӣ Холикзода – прокурори калони Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Муҳтарам Холиқзода У. дар баромади худ дар бораи баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ оид ба принсипҳои қонуният, адолат, баробарӣ дар назди қонун, инсондӯстӣ, ошкорбаёнӣ, илмият, талаботи ягона ба муроҷиатҳо, таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шахсони муроҷиаткунанда баррасӣ кардани муроҷиатҳо ва шафофияти фаъолият ҳангоми баррасии муроҷиатҳо, ки аз натиҷаи санҷиши гуруҳи корӣ аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ни самтҳо дар ташкилоту идораҳо дар ҷумҳурӣ ошкор гардиданд ва ба қонуншиканиҳо роҳ доранд қайд карда гузаштанд. Дар рафти ҷаласа 5 боб ва 27 моддаи қонуни мазкур мавриди омӯзиш қарор дода шуда, тариқи саволу ҷавоб баррасӣ гардид. Дар фарҷоми маҷлис Абдураҳмонов Б.М. ба меҳмонон Ибрагимова З. ва Холиқзода У. барои иштирок ва суханрониҳои пурмуҳтавояшон аз номи роҳбарияти Агентӣ ва тамоми иштирокчиён изҳори минатдорӣ намуда, ҳозиринро бовар кунонид, ки минбаъд ҳам Агентӣ тасмим гирифтааст, ки чунин вохӯриҳоро бо намояндагони мақомоти қудратӣ зиёд намояд, чун ки ин вохӯриҳо барои фаъолияти кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ мусоидат хоҳад кард. Шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ