АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Семинари омўзишӣ дар ноҳияи Сино

25/07/2019


    Санаи 25-уми июли соли 2019 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37-и ноҳияи Сино семинари омўзишию фаҳмондадиҳӣ доир ба мусоидати корфармоён ба таъмини шуғли аҳолӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои кормандон дар ташкилоту муассиса ва корхонаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар семинар сардори шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе Шарифзода М., сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе Иброҳимов М., сардорони шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва 210 нафар намояндагони корфармоён ва иттифоқҳои касабаи 200 ташкилоту муассиса ва корхонаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок карданд.
    Семинари омўзишию фаҳмондадиҳиро муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муҳтарам Саидмуминзода А., кушода, ҳозиринро ба мақсад аз ташкил ва баргузории семинар ва рўзномаи он шинос намуд.
    Сипас сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе - Иброҳимов М., дар баромади худ доир ба бастани шартномаи меҳнатӣ ва бақайдгирии шартномаҳои коллективӣ сухан гуфта, қайд намуд, ки корфармоён вазифадоранд дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории ҷумҳурӣ маълумот оид ба ҷойҳои кории холӣ пешниҳод намуда, дар чорабиниҳои ба шуғл мусоидаткунанда – ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ фаъолона иштирок намоянд, дар бокортаъминшавии шаҳрвандони бекори тибқи роҳхатҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ равона гардида, бахусус шахсони аз ҳисоби квота фиристодашуда мусоидат намоянд.  Ҳамзамон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хоҳиш намуданд, ки дар баимзорасонӣ ва бақайдгирии шартномаҳои коллективӣ ва мусоидати корфармоён дар чорабиниҳои бакортаъминшавии аҳолии бешуғл мусоидат намоянд. Намунаи шартномаи коллективӣ ва шартномаи меҳнатӣ бо қарори Ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2018, №17 тасдиқ карда шудааст ва аз корфармоён даъват намуданд, ки барои дастрасӣ метавонанд ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия муроҷиат намоянд.
    Дар рафти суханронӣ  сардори шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии дар шаҳри Душанбе Шарифзода М., доир ба риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхонаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, бахусус  шуғли ғайрирасмӣ ва оқибатҳои он, шартномаи меҳнатӣ, музди меҳнат намудҳои рухсатӣ ва пардохти саривақтии ҷуброни рухсатиҳои иловагӣ, рўзҳои истироҳат,   бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ва ташкили хадамоти ҳифзи меҳнат гуфта гузашт.
    Дар рафти семинар аз тарафи иштироккунандагон масъалаҳои марбут ба намудҳои рухсатӣ, давомнокии рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда, бемузд, рухсатии иҷтимоӣ, рухсатиҳои иловагии ҳарсола ва баҳисобгирии намудҳои рухсатӣ, шартҳои додани рухсатӣ (вақт ва навбат) ва пардохти он ба тариқи саволу ҷавоб мавриди  баррасӣ қарор дода шуданд. Ҳамзамон аз тарафи иштирокунандагон пешниҳод гардид, ки дастурамали тартиби бастани шартномаҳои коллективӣ бо дарназардошти намудҳои фаъолияти иқтисодӣ таҳия ва тасдиқ карда шавад. 

     ГУЛМАМАДОВА М. 
 сармутахассиси Шуъбаи            
 АМША дар ноҳияи Сино