АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мақола “Доираи истифодабарии Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд фарохтар бошад”

29/07/2019


         Раванди корҳои фаҳмондадиҳӣ нишон медиҳад, ки дар баъзе ташкилоту муассиса ва корхонаҳо омўзиш ва истифодаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар доираи масъалаҳои вобаста ба самти кадрӣ аз тарафи мутахассисони самти мазкур роҳандозӣ шудааст. Ин ҳолат боиси он шудааст, ки баъзе корфармоёну кормандон аз имконияти пурра истифода бурдани ҳуқуқу кафолатҳо ва иҷрои уҳдадориҳои худ, ки тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба њифзи мењнат муқаррар гардидаанд, дар канор монанд. 
         Бо мақсади тақвияти огоҳии тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ аз ҳуқуқу озодиҳои ба танзим доровардашуда аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ чорабиниҳои фаҳмондадиҳию иттилоотии самти ҳифзи меҳнат амалӣ карда мешавад. 
         Дар ин самт аз тарафи кормандони мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳангоми ташриф овардан ба корхонаҳо бештар кушиш карда мешавад, ки бо иштироки васеъи коргарон корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шавад. Ин ҳолат метавонад дар ҳимояи манфиатҳои кормандон дар муносибатҳои меҳнатӣ, бахусус зарурати интихоб намудани намояндагии кормандон ё ташкили иттифоқи касаба, ҳангоми тартиб додани мазмуни шартномаи коллективӣ бо назардошти имкониятҳои иқтисодии корхона ҷой додани дигар шартҳои меҳнатӣ ва иҷтимоиву иқтисодии имтиёзнок таъсири мусбӣ расонад. Таъсиси намояндагии кормандон ё иттифоқи касаба метавонад имконияти истифодабарии Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонро васеътар намояд.
         Аз тарафи дигар дар семинарҳои машваратию фаҳмондадиҳӣ ва дастурдиҳӣ, ки бо ташаббуси мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо намояндагони кормандон, корфармоён, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ташкил ва баргузор карда мешаванд, дар баробари масъалаҳои ҳифзи меҳнат масъалаҳои фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини шуғли аҳолӣ ва инкишофи бозори меҳнат мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Зеро дар амалӣ гардонидани чорабиниҳои асосии таъмини шуғли аҳолӣ иштироки фаъоли корфармоён ва мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар раванди таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бокортаъминшавии  аҳолии бекор дар ҷойҳои кории холӣ дар мадди аввал меистад. 
         Илова бар ин, дар ин чорабиниҳо ба ҷалби таваҷҷуҳи корфармоён ба зарурати таъмини шароити меҳнат ва дигар шартҳои бо созиши тарафҳо мувофиқашуда, ки ба афзоиши ҳосилнокии меҳнат ва самаранокии истеҳсолот мусоидат мекунад ва ҷалби таваҷҷуҳи иттифоқҳои касаба ва намояндагони кормандон ба иштироки фаъолона дар баррасии масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ташкилоту муассиса ва корхонаҳо, ки ба афзоиши мақому эътибори онҳо таъсир мерасонад, диққат дода мешавад.
         Умед бар он аст, ки тавассути амалӣ намудани чораҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ доираи истифодабарии Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз як китоби руймизии мутахассисони самти кадрӣ) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат дар байни корфармоёну кормандони ҳамаи бахшҳо (давлатӣ, хусусӣ ва муштарак) ва намудҳои фаъолияти  иқтисодӣ фарохтар  гардида, ба риояи талаботи ин санадҳо, ки ба манфиати тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ аст, мусоидат намояд.  
          АВАЗОВ С.
         Муовини сардори Раёсати
         АМША дар шаҳри Душанбе