АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Семинари омўзиши дар мавзўи: Татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну

06/08/2019


        Санаи 31  июли  соли 2019 дар дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати  татбиқи Қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» семенар – машварат зери  унвонии  «Қонун  шароити созгор фароҳам оварад», инчунин   «Нақши зан дар таълиму тарбияи фарзанд» баҳри баланд бардоштани савияи ҳуқуқии кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ баргузор гардид.
         Дар чорабинии мазкур муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Носирзода, Д.М., намояндагон аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷамиров Муслиҳиддин ва Абдуманонов Аминҷон, инчунин намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоева Муттабар,  сардорони раёсат, шуъба, мудирони бахш, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва  мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ ва кормандони МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» иштирок доштанд. 
 
        Семинар – машваратро муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Носирзода Д.М. ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Агентӣ  ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007, № 272 «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, комилан дуруст ба роҳ монда, барои ҳифзи арзишҳои аслии фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии кормандони дастгоҳи марказӣ ва мақомоти          Агентӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо корҳои ҷолиби диққатро ба анҷом расониданд.
        Дар иртибот ба ин зикр кардан ба маврид аст, ки аз тарафи мақомоти Агентӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо фаъолият тибқи нақшаҳои корӣ ва нақшаи чорабиниҳо сурат гирифта, рафти иҷрои он мунтазам дар маҷлисҳои назди раиси Комиссия оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар дастгоҳи марказии Агентӣ мавриди муҳокима ва хулосабарориҳо қарор дода мешавад. 
        Дар баромади худ Хоҷамиров Муслиҳиддин аз ҷумла қайд кард, ки тавре ҳамагон шоҳиданд, тайи солҳои пешин аз ҳад зиёд сермасраф гузаронидани ҷашну маъракаҳо бори гарон ба сари мардум меовард. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат 24 майи соли 2007 оид ба танзими расму оин ва анъанаву маросимҳои миллӣ гуфта буданд: «Қисме аз мардуми мо ба сабаби зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо пойбанди таассубу хурофот будани худ ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад».
        Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба вазъи молиявии шаҳрвандон таъсири мусбӣ расонида, ба нигоҳ доштани захираҳои пулии онҳо дар бонкҳои ҷумҳурй мусоидат намуд.            Вобаста ба қабули қонуни мазкур, пеши роҳи сарфи зиёди маблағ дар баргузории маъракаҳо гирифта шуда, дастгирии молиявӣ ва моддии шахсони камбизоату ниёзманд бештар гардид.
        Дар моддаи 8 қонуни мазкур омадааст, ки ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронда мешавад. Аммо баъзан бо иштироки теъдоди зиёди одамон, ки ба аҳли оила дохил нестанд, зодрӯзро ҷашн мегиранд, ки ин омил дар хилофи талаботи қонун мебошад.
        Инчунин иброз доштанд, ки амали қонун ба афзоши баргузории маърака, аз ҷумла тӯйҳои хайрияви мусоидат намуда, ба ин васила маъракаҳои дастаҷамъонаи аҷдодӣ барои камбизоатон эҳё гардид.
        Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим санаи 1 марти соли  2018, №96 тасдиқ гардид. Низомномаи мазкур асосҳои ташкил ва фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятии вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимро муқаррар менамояд. Комиссияи ҷамъиятӣ бо фармоиши роҳбари ташкилот дар ҳайати раис, котиб ва аъзои комиссия иборат аз 5 - 7 нафар таъсис дода шуда, ҳайат ва низомномаи комиссия аз тарафи роҳбари ташкилот тасдиқ карда мешавад.
        Вазифаҳои асосии комиссияи ҷамъиятӣ назорати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби кормандони ташкилот ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирии қонунвайронкуниҳо дар ин самт мебошад.
        Инчунин,  намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоева Муттабар қайд намуданд, ки дар асоси талаботи моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оила як омили муҳими пойдории ҷомеа буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад». Таърих дар тўли садсолаҳо низ собит намудааст, ки бе оилаи солим мавҷуд будани ҷомеаи солим ғайримкон аст.
        Оила гаҳвораи инсон, макони нахустини сабзишу парвариши фарзанд аст ва нигоҳбонии ин гавҳора қабл аз ҳама бар души модар вогузор шудааст ва мо модарон набояд ин рисолати азалии хешро фаромуш созем. 
        Зеро маҳз дар домони поки модар фарзанд чун инсони комил ба камол мерасад.  Дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дўстиву рафоқат ва эҳтиром ба арзишҳои миллиро мекорад, то оянда насли навраси мо ашхоси масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондўст ва ватанпарвар ба воя расанд.
        Нақши модар махсусан дар тарбия, омўхтани забон, таъриху фарҳанги аҷдодӣ донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад.
        Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», санаи 2 августи соли 2011 қабул шуда, падару модарро водор месозад, ки тамоми саъю кушишу имконияти худро барои тарбияи дурусти фарзандон равона намоянд ва барои донишандўзӣ ва аз худкунии касбу ҳунар шароит муҳаё созанд.
        Мо набояд фаромўш кунем, ки масъулияти падару модар назди фарзанд ва баръакс масъулияти фарзанд нисбат ба падару модар то чӣ андоза муҳим мебошад.  Ҳуқуқу вазифа ва уҳдадориҳои падару модар пешгирии ҳаргуна ҳодисаҳои номатлуб ба шумор меравад.
        Мутаассифона, солҳои охир сатҳи тарбияи фарзандон то андозае паст рафтааст ва баъзе падару модарон ба ин масъалаи ҳаётан муҳим беэътиноӣ зоҳир мекунанд. 
        Бо итминони комил гуфта метавонем, ки қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» саривақти ва бармаҳал буда, дар ҷомеаи мо баҳри ба низом даровардани раванди таълиму тарбия аз тарафи падару модар, шахсони онҳоро ивазкунанда ва омўзгорон самарраи хубе ба бор оварда дар пешравии ҷамъияти кунунии мо нақши басо муҳим гузоштааст.
       Оид ба масъалаҳои  баррасишуда аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ба намояндагони кумитаҳои болозикр саволҳо дода шуда, ҷавобҳои қаноатманд гирифта шуд.
       Дар охир Носиризода Д.М., ба меҳмонон бори дигар барои иштирок ва суханрониҳои пурмуҳтавояшон аз номи роҳбарияти Агентӣ ва тамоми иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки минбаъд ҳамкориҳои дуҷонибаро  идома хоҳанд дод.
     МАРДОНЗОДА Г.М
Сардори шуъбаи  ҳуқуқ