АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мизи мудаввар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

04/09/2019


      Санаи 27 августи соли 2019 тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мизи мудаввар доир ба муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби бастани, шартномаҳои коллективӣ ва сабтиномкунии онҳо, хусусияти танзими меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида моддаҳои 207 – 214, Дастурамали тавсиявӣ оид ба тартиби ҳисобу пардохти музди меҳнати иловагӣ (иловапулиҳо) барои кори шабона, изофакорӣ, кор дар рўзҳои истироҳат ва ид моддаҳои 154-156 бо иштироки раисони иттифоқи касаба, корхонаҳо, муассисаву ташкилотҳо, кормандони Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва ФМД «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳия ташкил ва гузаронида шуд.
     Дар мизи мудаввари мазкур сармутахассиси Шуъбаи иқтисод ва савдои ноҳия. сармутахассиси Шуъбаи ҳифзи иҷтимоии ноҳия, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи ноҳия, директори КВД «Тоҷиксуғурта»-и ноҳия, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия иштирок намуданд.
      Сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров Баҳоваддинова С., ҳозиринро бо рўзномаи мизи мудаввар шинос намуда, тибқи рўзнома суханро ба муовини сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия дод. Муовини Сардори Раёсат дар баромади худ  қайд кард, ки Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 июли соли 2016 қабул гардида, он аз 41 бобу 366 модда иборат мебошад. Кодекси мазкур муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои бевосита ба онҳо алоқамандро ба танзим дароварда, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ муқаррар намудани кафолатҳои камтарини ҳуқуқӣ ва озодиҳо дар соҳаи меҳнат равона карда шудааст.
      Инчунин оид ба ташкил намудани Низомномаи Хадамоти ҳифзи меҳнат дар ташкилот, дар бораи бастани созишномаҳо, шартномаҳои коллективӣ ва сабтиномкунии онҳо, қоидаҳо ва меъёрҳои ба кормандон додани шир, хўроки табобатию профилактикӣ, либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати коллективӣ, биноҳои санитарию маишӣ ва дастгоҳу таҷҳизот аз ҳисоби маблағҳои корфармо дар корхонаҳое, ки ба корҳои сохтмонӣ, сохтмону васлгарӣ, таъмиру сохтмон ва танзиму баистифодадиҳӣ, тозакунӣ ва ба таъмиру консерватсия омода кардани таҷҳизот машғуланд, дар бораи барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон, тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти кормандон, қоидаҳои гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ аз рўи шароити меҳнат, дар бораи пардохти музди меҳнати иловагӣ ба кормандон дар мавриди бо айби корфармо ба таъхир афтодани пардохти музди меҳнат, дар бораи тартиби гузаронидани тафтиш ва баҳисобгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ гуфта гузашта, фаҳмонида шуд, ки ин қоидаҳо бояд аз тарафи роҳбарони ҳамаи муассисаву ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон риоя карда шаванд.
      Қайд намудан ҷоиз аст, ки шартномаҳои коллективӣ дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи роҳбарони корхона ва ташкилотҳо бо ташабуси намояндагии кормандони корхонаҳои мазкур тибқи моддаи 306-316 тартиб дода шуда, барои сабтиномкунӣ ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ пешниҳод карда шаванд.
      Баромадкунанда дар бораи хусусияти танзими меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, ки дар моддаҳои 207 – 214 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст гуфта гузашта, кайд намуданд, ки Дастурамали тавсиявӣ оид ба тартиби ҳисобу пардохти музди меҳнати иловагӣ (иловапулиҳо) барои кори шабона, изофакорӣ, кор дар рўзҳои истироҳат ва ид моддаҳои 154-156-и Кодекси меҳнат иборат мебошад.
      Инчунин, иштирокунандагони миззи мудавварро бо Дастурамали тавсиявии мазкур, ки ба  тартиби ҳисобу пардохти музди меҳнати иловагӣ (иловапулиҳо) барои кори шабона, изофакорӣ, кор дар рўзҳои  истироҳат ва идмуқаррар гардидааст ва дар моддаҳои  154-156-и Кодекси меҳнат омадааст шинос намуд.
      Оид ба масъалаҳои панҷум ва шашуми рўзнома сармутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  Раҳматов Ш., баромад намуда, ҳозиринро бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 30 августи соли 2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», аз 12 ноябри соли 2016 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020»  ба имзо расидааст, шинос намуд. Иштирокчиёни мизи мудаввар  бобати ин масъалаҳо фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Сипас байни ташкилкунандагони мизи мудаввар ва иштирокчиён доираи масъалаҳои мазкур мубодилаи афкор сурат гирифт.
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 
      дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров