АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Конститутсия - бахтномаи миллат

05/09/2019


      Ҳамасола дар ҷумҳурии азизамон - Тоҷикистон  6- уми ноябр чун рўзи қабули Конститутсия таҷлил карда мешавад, ки ин нишондиҳандаи  давлати аз лиҳози қонун  мустақил  ва дорои арзишҳои миллӣ будани моро нишон медиҳад.
    Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун  ифодагари азму ирода, равшангари роҳи ҳаёти мардум воқеан, санади  тақдирсозест, ки низоми давлатдориро  муайян  намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад. 
      Аз лиҳози коршиносон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони мо  дар қатори   5  Конститутсияи беҳтарини ҷаҳон шинохта шудааст, ки  ин  имкон дод,  конститутсияи моро на танҳо дар худи кишварамон, балки берун аз он эътироф  кунанд. Акнун мо дар қатори  давлатҳои мутамаддуни дунё шинохта шудем. 
       Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон чун санади  муҳиму тақдирсоз ба мо имконият дод, ки ба қатори давлатҳои мутараққии ҷаҳон ворид гардида, муаррифгари давлате бошем, ки сохтораш соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст.
      Таърихи таҳия, қабул ва инкишофи Конститутсияи навини  Тоҷикистон  25 сол муқаддам,  бо барҳамхўрии Иттиҳоди шўравӣ ва соҳибихтиёр гаштани собиқ Ҷумҳурии иттифоқии Тоҷикистон зич алоқаманд мебошад.
      Конститутсия  сохтори  давлати  моро  муқаррар  намуд, он ваколат ва сохтори Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат, Мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ  ва  мақомоти назоратӣ: Прократура ва Судро дар моддаҳои ҷудогона муфассал нишон  медиҳад.
      Ин санад кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон гардида, дахлнопазирии шахс аз тарафи давлат, баробарии  марду зан дар назди қонун ва суд, ҳуқуқ ба ҳаёт доштани шахсро муқаррар кард. Он ба шаҳрвандон ҳуқуқ ба муттаҳидӣ, ташкили ҳизбҳои сиёсӣ ва ихтиёран ворид шудан ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттифоқҳои касабаро дод. 
     Боби аввали Конститутсия “Асосҳои сохтори конститутсионӣ”- и ҷумҳуриро муқаррар ва танзим менамояд. Меъёрҳои боби мазкур хислати волои ҳуқуқии таъсискунӣ ва муқаррарнамоӣ доранд. Дар он ҳамаи  аломат ва  рукнҳои  давлатдории  тоҷикон: забон, рамзҳои давлатӣ, ки боиси ифтихори давлатдории мо тоҷикон мебошад, арзиши олӣ донистани  инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус ва ҳуқуқҳои фитрии ӯ, риоя ва ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, барин  меъёрҳое, ки аз  тарафи давлат эътироф гардида, барои муайян кардани вазъи ҳуқуқи конститутсионии инсон ва шаҳрванд аҳамияти хоса, доранд баён гардидааст. (моддаҳои 1-13)
      Дар боби дуюм, ки “Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии  инсон ва шаҳрванд” номгузорӣ шудааст, дар он вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, тартиби соҳиб шудан ва қатъ  гардидани шаҳрвандии ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ба ҳаёт,  кафолати дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, манъи пурраи мусодираи молу мулк, ҳуқуқи иштирок дар раъйпурсӣ, манзил, ҳифзи саломатӣ, истироҳат дарҷ гардидааст. Давлат  оиларо ҳамчун асоси ҷамъият дониста, ҳимоя ва ѓамхории модару кўдакро таҳти назорати махсуси худ қарор медиҳад. Ҳамчунин, ба таъминоти иҷтимоию нигоҳбонии махсус масъул будани падару модар дар назди фарзандон ва фарзандонро  назди волидон баён месозад. (моддаҳои 14-47)
       Аз қабули Конститутсия муҳлати зиёде нагузашта бошад ҳам, он тавонист, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як субъекти хоҷагидорӣ, кишвари демократӣ  муаррифӣ намояд.
      Конститутсия бо тантана халқу кишвари моро як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон намуда, баъди садсолаҳо халқи мо имкон пайдо намуд, ҳамчун субъекти мустақили фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи бузурги  байналмилалӣ гардад.
      Конститутсияро метавон ҳамчун як навъи ҳуҷҷати тақдирсози ҷомеа низ баҳогузорӣ намуд, зеро он дар баробари  арзишҳои меъёрию  ҳуқуқӣ, ҳамзамон дар ҷомеа ташаккулдиҳандаи  фарҳанг ва шуури ҳуқуқӣ аст. Раванди ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки давлати мо қонунгузории миллии худро тавқият диҳад. Рушди босуботи ҷомеа тақозо менамояд, ки Конститутсия пайваста такмил ёбад. Ва ин таѓйирдиҳӣ аз рушди бемайлони тамоми соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву маънавӣ дарак медиҳад.
      Мақсади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҳамин аст, то ин ки сатҳу сифати зиндагии мардум баланд бардошта шавад. Аз ин рў, ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш омад, ки аз тарафи мардуми кишвар ҷонибдории умумро пазиро гардид. Ин шаҳодатдиҳандаи он аст, ки Тоҷикистон дар ин роҳ низ пешсаф аст.
      Акнун халқи моро ҳушдор бояд, ки омўзиш ва риояи қонунро ҳеҷ гоҳ фаромўш насозад. Зеро эҳтирому риояи Конститутсия ва қонунҳои кишвар, таъмини волоияти қонун, кафолат ва шарти аввалиндараҷаи субботу оромӣ, рушди иҷтимоӣ ва рўзгори орому осудаи ҳар яки мову шумо аст:
                                                        Ман чу фарди бениёз аз қуллаи асри навин,
                                                        Дар ҷаҳон аз бахти бедорам хитоба мекунам.
                                                        Ҳар чӣ дорам, ман, аз ин қонун  ба даст овардаам,
                                                        Ман ба ин қонун талошу инқилоба мекунам.
      Хушбахт миллатем, ки маҳз  бо тадбирҳои пайгиронаи 25 солаи  ин санади муқаддаси тақдирсоз, ки асосҳои  ҳуқуқии рушду такомули фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи шаклҳои гуногуни моликиятро фароҳам  овардааст, дар фазои сулҳу субот умр ба сар мебарем. Ва мо муваззаф бар онем, ки ин озодӣ, ин сулҳу ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашми худ нигоҳ дорем.
          М.И. Авғонова -  муовини директор, 
      сардори Раёсати методӣ, иттилоотӣ  ва 
   шарикии иҷтимоӣ дар  Муассисаи давлатии 
 “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон”