АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маҷлиси тантанави бахшида ба муносибати таҷлили ҷашни 28 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ

10/09/2019


      Санаи 5 – уми сентябри соли ҷори дар толори маҷлисгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси  тантанави  бахшида ба муносибати таҷлили ҷашни 28 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Маҷлиси  тантанавиро муҳтарам Вазир Сумангул Саид ифтитоҳ намуда хозирини ҷамомадро ба муносибати ҷашни 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд. Дар маҷлиси тантанави муҳтарам вазир барои фаъолияти тўлонӣ ва пурсамар дар соҳаи меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ як қатор кормандони соҳаро бо нишони сари синагии»Аълочии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» ва ифтиҳорномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз намуданд.

      Бо фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии барои фаъолияти тўлони ва пурсамар дар соҳаи мехнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ кормандони зерин бо нишони сарисинагии «Аълочии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» сарфароз гардонида шуд:
      Иброхимзода Зубайдулло Ҷунайд муовини сардори Раёсат – сардори шуъбаи музди меҳнат ва сатҳи зиндагии аҳолии Раёсати ҳифзи меҳнати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Абдулҳақова Иғболбӣ Раҳматуллоевна сармутахассиси шуъбаи тарҳрезии буҷет ва таҳлили молиявии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ.