АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хоруғ

12/09/2019


        Санаи 12-уми сентябри соли ҷорӣ шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хоруғ дар ҳамкорӣ бо Маркази будубоши рўзона барои пиронсолон ва маъюбони назди Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ВМКБ ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва намоиши ҳунарҳои дастии пиронсолонро дар Кохи ҷавонони шаҳри Хоруғ доир намуданд.
Дар ярмарка 6 корхона, аз ҷумла ҶСК «Помирсохтмон» 36 вакансия пешниҳод намуда зиёда аз 200 нафар иштирок намуданд.
ҶСК «Помирсохтмон» ҷойҳои кори холии дуредгар, ронандаи автомашинаҳои борбардор, ронандаи автомашинаҳои боркаш ва сохтмонӣ аз қабили андовагар, деворгарро пешниҳод намуд.
Кормандони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хоруғ ба 5 нафар роҳхат барои таъмин шудан бо кор дода, 53 нафари дигарро барои касбомўзӣ номнавис намуданд.
Инчунин пиронсолон ва маъюбони Маркази будубоши рўзона барои пиронсолон ва маъюбони назди Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ВМКБ маҳсули дастранҷи худ, туҳфаҳо, ҷуроб, тоқӣ, гулдонҳо, қуттиҳоро дар доираи амалишавии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба маърази тамошо гузоштанд.

Сардори РАМША дар ВМКБ
       Назиров М.