АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»

07/09/2019


      Мувофиқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳр ва Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, ҷиҳати бо кор таъмин намудан, ба касбомўзӣ фаро гирифтани аҳолӣ, мусоидат ба рушди ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 6 сентябри соли 2019 дар  филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор гардид.
   Дар ҷараёни ярмарка, ки 425 нафар сокинони шаҳри Исфара, корҷўяндагон ва хатмкунандагони филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара иштирок карданд, 510 ҷойҳои кории холӣ бо музди меҳнати аз 400 сомонӣ то 2040 сомонӣ пешниҳод карда шуд, 17 нафар бекорон ба кори  доимӣ роҳхат гирифта, 15 нафар бо кор таъмин гардиданд ва 24 нафар ба касбомўзӣ номнавис карда шуданд. 
     Аз тарафи касбомўзони курсҳои кўттоҳмуддат ва бекороне, ки бо истифодаи қарзҳои имтиёзнок бо корҳои фардии соҳибкорӣ машғуланд, намоиши маҳсули дастонашон ташкил карда шуд.   
     Дар маросими кушодашавии ярмарка Қурбонов Нурилло- сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Исфара, Ашўров Икром- директори филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Исфара, Аҳмедов Мустақим-сардори Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара, Музафаров Каримбой- муовини раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнат, Фаттоев Ибодулло-мутахассиси пешбари Раёсати иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара  баромад карда,  иштирокдоронро ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрик намуда, оид ба  масъалаҳои бо кор таъминкунии бекорон, ба касбомўзӣ фаро гирифтани шаҳрвандон ва ташкили курсҳои кўтоҳмуддати касбомўзӣ оид ба омўзиши ҳунарҳои мардумӣ ва дигар касбу ихтисосҳои дар бозори меҳнат талаботдошта тавассути муассисаҳои таълимии касбӣ,  рушди ҳунарҳои мардумӣ дар «Солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», пешгирии қонуншиканӣ ва оқибатҳои нанговари терроризм ва экстремизм, шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои характери иртиҷоидошта, тарбияи ватандўстии ҷавонон, муҳоҷират ва ҳифзи меҳнат сухан ронданд.
      Дар вазъияти тантанавӣ ба 14 нафар хатмкардагони курсҳои кўттоҳмуддати касбомўзӣ шаҳодатномаҳои касбӣ супорида шуд.
    Аз тарафи мутахассиси пешбари МД «Маркази ҷумҳуриявии раҳнамои касбӣ» дар шаҳри Исфара, намояндагони филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Исфара ва Литсейҳои касбии техники нефту газ ва саноати кўҳии шаҳри Исфара дар байни хатмкунандагони филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ва корҷўяндагон  оид ба интихоби касб корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. 
 Сардори РАМША дар шаҳри Исфара                              
Н.Қурбонов