АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МИЁНАРАВӢ ВА МУСОИДАТ ДАР ИНТИХОБИ КАСБ ВА БАКОРТАЪМИНШАВИИ ШАҲРВАНДОН

16/09/2019


      Кормандони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии роҳнамои касбӣ»  дар ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озоде,  ки санаи  13 сентябри   соли  2019 дар гулгашти  ба  номи Куйбишев, хиёбони Рўдакӣ 10 баргузор гардид, бо 15 нафар корҷўён суҳбат-машварати фардӣ ва 10  нафар тадқиқоти сотсиологӣ гузаронида, дар бораи Тартиби амалишавӣ, ва расмияти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия ва курсҳои бозомўзӣ маълумот доданд.  
      Дар давоми моҳи сентябр кормандони Марказ бо 328 нафар ашхоси бекоре, ки ба мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе муроҷиат карда буданд, машваратҳои фардӣ ва суҳбатҳо гузаронида, ба онҳо дар бораи ҷойҳои кории холӣ, курсҳои бозомўзӣ маълумотҳо пешниҳод намуданд. Аз ин теъдод 36 нафар шахсони аз маҳбас озодшуда, 48 нафар ашхоси баъд аз адои хизмати ҳарбӣ ва 50 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Ба курсҳои кўтоҳмуддат 78  нафар роҳнамоӣ карда шуданд. Ба 17 нафар шаҳрванд барои Тартиби амалишавӣ, ва расмияти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия  мусоидат карда шуд.  
     Кормандони Марказ  дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, 2, 4, 17, 18, 29, 38, 49, 52, 90 ва №100-и шаҳри Душанбе бо 680 нафар хонандагон машваратҳои гурўҳӣ гузарониданд. Инчунин,  ба муассисаҳои таълимӣ  оид ба таҷҳизонидани утоқҳои «Интихоби касб»  бо воситаҳои техникаи  ҳозиразамон ёрии амалӣ расонида, ҳамкориҳои муштарак ҷиҳати ташкил намудани синфҳои таҷрибавӣ  ва натиҷагирии онҳо  идома доранд.
     Мутахассисони шуъбаи тадқиқоти сотсиологӣ дар  мавзўи «Муайян намудани рақобатпазирии шуғли ҷавонони имрўза дар бозори меҳнат ва арзишҳои онҳо»  бо  50  нафар тадқиқоти сотсиологӣ гузарониданд.