АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Арҷгузорӣ ва эҳтироми забони давлатӣ

03/10/2019


      Рўзи 3-юми октябри соли равон дар маҷлисгоҳи МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» бо иштироки кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ва намояндаи Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба «Рўзи забони давлатӣ» бо унвонии «Арҷгузорӣ ва эҳтироми забони давлатӣ» гузаронида шуд.
      Маҷлисро муовини директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Амирбекзода М.Ҷ., ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро ба ҷашни «Рўзи забони давлатӣ» табрик намуда, қайд карданд, ки забони миллат – шиносномаи миллат аст. Забони миллӣ ва рушди пайвастаи он дар мақоми давлатӣ муҳимтарин рамз ва рукни Истиқлояти давлатии сиёсии мо мебошад. Сипас намояндаи Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори шуъбаи таъиноти ислоҳот – Зулфониён Раҳимӣ Раҷабзода дода шуд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфта гузаштанд. Баъд аз ба итмом расидани баромад аз ҷониби иштирокчиён ба Зулфоноён Раҳимӣ Раҷабзода саволҳо дода шуданд, ки ба онҳо посухҳои мушаххас дод шуд. 
    Дар фарҷоми мизи мудаввар муовини директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз номи роҳбарияти Агентӣ ба меҳмон миннатдорӣ баён намуда, ба ҳамаи иштирокдорон бори дигар ин ҷашнро муборакбод гуфтанд.
Бахши иттилоотии Агентии 
меҳнат ва шуғли аҳолӣ