Нишондодҳои
фаъолияти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ
дар семоҳаи якуми соли 2020
Давоми соли 2020 мутасаддиёни самти меҳнати сохторҳои Агентӣ тибқи нақшаи корӣ ба 3616 адад корхона, муассиса ва ташкилотҳои гуногунсоҳаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташриф оварда, ба 12800 нафар кормандони онҳо вобаста ба масъалаҳое,ки аз муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи самти муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ бармеоянд, кўмаки методию амалӣ расонида, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд.
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Яке аз вазифаҳои самти фаъолият ин аз ҷониби сохторҳои Агентӣ расонидани кўмаки методию амалӣ ба ташкилоту корхонаҳои вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо дар самти татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
Дар соли 2019 кормандони сохторҳои Агентӣ дар миқёси ҷумҳурӣ дар 6149 адад корхона, муассиса ваташкилотҳои гуногунсоҳаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба 15481 нафар шахсони муттасадӣ кўмаки методӣ расонида, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд.
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар семоҳаи якуми соли 2019 дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26.12.2018 фаъолиятро ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.