Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод

Ярмарка дар ш.Душанбе

14 феврали соли 2018 аз ҷониби Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе тибқи нақшаи тасдиқгардида, ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар хиёбони Рӯдакӣ 10 ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар он зиёда аз 420 нафар корҷӯён иштирок намуданд.

Дар ин ярмарка намояндаи 64 ташкилоту муассиса ва корхонаҳои дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият дошта иштирок намуда, 1881 ҷойи кории холӣ пешниҳод карданд.

Инчунин дар ин ярмарка ба 51 нафар корҷӯён барои таъмин шудан бо ҷой кор роҳхат дода шуда,  11 нафар барои сафарбар шудан ба курсҳои касбомӯзӣ номнавис карда шуданд.

Ҳамзамон  аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ» бо 22 нафар корҷӯён пурсиши сотсиологӣ ва машварати касбӣ гузаронида шуд.


Шуъбаи рушди захираҳои меҳнатӣ


Фаровирд