АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ролики тарғиботӣ доир ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

12/02/2020


  Ролики тарғиботӣ доир ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»
       Мавриди зикр аст, ки рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занону духтарон ба омўзиш ва эҳёи ҳунарҳои қадимаи мардумӣ ва дар доираи ҳадафҳои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 ва ба ин васила беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ меҳвари асосии сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар ин самт дар мамлакат корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда истодаанд.
Дар иртибот ба гуфтаҳои боло манзур менамоем, ки аз ҷониби Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ролики таблиғотӣ дар шакли видеоӣ дар ҳаҷми як дақиқа тарҳрезӣ ва таҳия гардида дар сомонаи соҳавии www.kor.tj ва портали «ЮТЮБ» ҷоийгир карда шуд.
Дар ролики мазкур, лаҳзаҳои аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода додани 2 бинои маъмурии сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Рашт ва Балҷувон, парафшонии баландтарин парчами ҷаҳон “Парчами миллии Тоҷикистон”  дар шаҳри Душанбе, табиати нотакрори Тоҷикистони биҳиштосо, мавзеъҳои зебою диққатҷалбкунандаи сайёҳӣ, таърихи пурғановату истеъдоди ҳунармандони чирадасти тоҷик ва базаҳои муассисаҳои таълимии системаи Агентӣ ҷойгир шудаанд, ки дили ҳар як бинандаро тасхир менамояд.
Омўзиш ва бозомўзии касбӣ яке аз омилҳои муассир дар танзими масъалаҳои шуғли аҳолӣ буда, дар маҷмўъ рушди босуботи иқтисодии ҳар кишвар аз шумораи аҳолии машғули кор ва самаранокии фаъолияти онҳо иборат аст, ки ин дар навбати худ ба сатҳи малакаҳои касбии аҳолии шуғлнок ва истифодаи босамари онҳо бевосита иртибот дорад.
Дар ҳамин радиф, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати тавсеа ва таҳкими фаъолият дар самти рушди касбии захираҳои меҳнатӣ пайваста талош варзида, бо мақсади ҳарчи бештар ба тайёрии касбӣ ҷалб намудани шаҳрвандон, таҳия ва амалисозии барномаҳои ҷадиди таълими касбӣ, омўзиши талаботи воқеии бозори меҳнат ба кадрҳои коргарӣ, арзёбии сифати хизматрасониҳои таълими касбӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуданд.
Имрўз дар базаҳои муассисаҳои таълимии системаи Агентӣ барои омўзишу аз худ кардани 62 номгўи касбу ҳунарҳои муҳиму мавриди таваҷҷуҳ шароиту имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст то сокинон дар заминаи таъсиси курсҳои омузишӣ касбҳои дўхтани либосҳо ва нақшу нигори миллӣ, бофандагӣ, кандакорӣ, истеҳсоли маснуот аз чўб, кулолгарӣ, заргарӣ, коркарди фулузот, пухтани маҳсулоти нонӣ, таомҳои миллӣ, ресандагӣ ва ғайраро аз худ кунанд.