Дар Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва дигар марказҳои таълимии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ марҳилаи қабули ҳуҷҷатҳои хоҳишмандон барои омӯзиши касбҳои гуногун дар соли 2017 оғоз гардид. Суроға ш. Душанбе, кӯчаи А. Навоӣ 5/1 

Ҷустуҷӯи ҷоӣ кор

ЭЪЛОН

Муњољирони мењнатие, ки нияти кор дар Федератсияи Россия доранд, метавонанд ба Агентии бокортаъминкунї дар хориља бо суроѓаи к.Лоњутї 108 ё бо телефонњои 221-40-15, 221-39-85, мурољиат намоянд.



Ҷойҳои корӣ дар соҳаҳо
Нақлиёт ва алоқа 296
Кишоварзӣ 461
Саноат 1403
Сохтмон 382
Тандурустӣ 1078
Маориф 892
Фарҳанг 79
Мазилию комунали 263
Дигар сохахо 1878
Вазорати Мелиоратсия ва захирахои оби ЧТ. 0
Савдо ва хизмати маиши 113
Хамаги Ҷои кор:6845
Тоҷикистон 6740
ш.Душанбе 1448
Хатлон 1773
ВМКБ 75
НТЧ 1044
Сугд 2400
Русия 105
Яман 0

«Нашъамандиро решакан бояд кард»

3 Июн 2016

Рўзи 03 июни соли 2016 дар Агентии мењнат ва шуѓли ањолї вохўрї ва мулоќот бо намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон баргузор гардид.

Дар ин мулоќот муовини якуми директори Агентии мењнат ва шуѓли ањолї Абдурањмонов Б.М,. намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон Абдуллоева Озодамо ва нозири њамин шуъба Сафолов Нурмуњаммад, инчунин сардорони раёсату шуъбањо, мудирони бахшњо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони дастгоњи марказии Агентї иштирок намуданд.

Вохўрї ва мулоќот бо нозири шуъбаи назорати муомилоти нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон Абдуллоева Озодамо ва нозири њамин шуъба Сафолов Нурмуњаммад, дар мавзўъи «Нашъамандиро решакан бояд кард» доир гардид.

Абдурањмонов Б.М., муовини якуми директори Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар оѓози маљлис аз иштироки нозири шуъбаи назорати муомилоти нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон Абдуллоева Озодамо ва нозири њамин шуъба Сафолов Нурмуњаммад, аз номи роњбарияти Агентї ва кормандони соња изњори миннатдорї намуд.

Њамзамон Абдурањмонов Б.М., оиди ба нашъамандї ибрози андеша намуда ќайд намуд, ки њадаф аз вохўрии имрўза пешгирї ва огоњнамої аз ин вабои аср мебошад, ки дар ќурбон шудани љони њазорњо нафар одамон, ноќис ба дунё омадани њазорњо нафар кўдакон, нест шудани генафонди миллат, коњиши саломатии одамон ва носолимии оилањо замина гузошта ва омили асосии он мегардад. Аз ин лињоз пешгирї ва решакан намудани ин маводи номатлуб натанњо вазифаи маќомоти њифзи њуќуќ балки тамоми љомеа мебошад. Сухан аз рўи масъалаи рўзнома ба муњтарам Абдуллоева Озодамо дода шуд.

Абдуллоева Озодамо дар бораи самти фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон суханрони намуда, ќайд кард, ки воќеан њам ин вабоест, ки бањри он муборизаи беамон бурд, зеро хатари он афзун гардида, барои пешрафти љомеаи љањонї таъсири манфї мерасонад. Аксарият гирифторони нашъамандї љавонон мебошанд, ки дар марказњои дилхушї (дискотека) бо истифодаи њаб (таблеткањо) мубталои ин беморї мегарданд.

Инчунин сухани навбати ба Сафолов Нурмуњаммад дода шуд. Сафолов Нурмуњаммад ќайд кард, ки маводи мухаддир бештар дар њамсоя кишвари мо Афѓонистон дида мешавад ва дор он љо ќариб 183000 гектор кишт шудааст. Инчунин иброз дошт, ки дар ин бемори номатлуб яъне нашъамандї бештар љавонон ба чашм мерасанд, ки онњо на дониши кофи доранд ё падари онњо нашъаманд ё ки паст будан љињати иќтисодї инчуни надоштани касбу њунар ин омилњо метавонад шахсро ба нашъамандї гирифтор созад.

Оид ба масъалаи барасишуда аз љониби кормандони дастгоњи марказии Агентї ба муњтарам Абдуллоева Озодамо ва Сафолов Нурмуњаммад саволњо дода шуд ва љавобњои ќаноатманд гирифта шуд.

Дар фарљоми маљлис Абдурањмонов Б.М., ба мењмонон Абдуллоева Озодамо ва Сафолов Нурмуњаммад барои ишитрокашон ва суханронињои пурмуњтавояшон аз номи роњбарияти Агентї ва тамоми иштирокчиён изњори минатдорї намуда, бовар кунонид, ки минбаъд њамкории соњавиро бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон боз њам хубтару фаррохтар идома хоњем намуд.