Дар Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва дигар марказҳои таълимии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ марҳилаи қабули ҳуҷҷатҳои хоҳишмандон барои омӯзиши касбҳои гуногун дар соли 2017 оғоз гардид. Суроға ш. Душанбе, кӯчаи А. Навоӣ 5/1 

Ҷустуҷӯи ҷоӣ кор

ЭЪЛОН

Муњољирони мењнатие, ки нияти кор дар Федератсияи Россия доранд, метавонанд ба Агентии бокортаъминкунї дар хориља бо суроѓаи к.Лоњутї 108 ё бо телефонњои 221-40-15, 221-39-85, мурољиат намоянд.



Ҷойҳои корӣ дар соҳаҳо
Нақлиёт ва алоқа 408
Кишоварзӣ 705
Саноат 1011
Сохтмон 62
Тандурустӣ 668
Маориф 542
Фарҳанг 39
Мазилию комунали 106
Дигар сохахо 1166
Вазорати Мелиоратсия ва захирахои оби ЧТ. 0
Савдо ва хизмати маиши 68
Хамаги Ҷои кор:4775
Тоҷикистон 4565
ш.Душанбе 858
Хатлон 823
ВМКБ 52
НТЧ 509
Сугд 2323
Русия 210
Яман 0

Баргузории «Мизи мудаввар» дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ оид ба ҳадафҳо ва дастовардҳои барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

12 Август 2016

  Рўзи 4-августи соли 2016 баргузории мизи мудаввар дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар мавзуи Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушду нумуи мамлакат ва Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сурат гирифт.
Дар ин мизи мудаввар муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуѓли аҳолӣ – Абдураҳмонов Б.М., роҳбари дастгоҳи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хонов Абдураҳмон Умарович ва Шоимуродова Заррина муовини мудири шуъбаи назорати дастгоҳи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ иштирок намуданд.
Маҷлисро муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуѓли аҳолӣ Абдураҳмонов Б М., ифтитоҳ намуда сараввал роҳбари дастгоҳи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хонов Абдураҳмон Умаровичро ва инчунин узви ҳамин ҳизбро Шоимуродова Зарринаро, аз номи роҳбарияти Агентӣ ва кормандон барои иштирокашон изҳори минатдорӣ намуд.
Ҳамзамон Абдураҳмонов Б. оид ба 25 солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуда оид ба сиёсати дохилию берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта гузаштанд. Инчунин оид ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 25 соли Истиқлолият гуфта гузаштанд. Аз ҷумла ёдовар шуд, ки Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин самт зиёд аст.
Сухан аз рўи масъалаи рўзнома ба муҳтарам Хонов Абдураҳмон Умарович дода шуд.
Хонов Абдураҳмон Умарович сараввал минаддори худро ба кулли кормандони Агентӣ баён намуда қайд намуд, ки мо дар арафаи ҷашни пуршукуҳи Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем. Ва ҳар шаҳрванд, ки ҳисси миллӣ дорад барои ў муқаддастаррин ҷашн аст.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни равшанфикрон ҳамин гуфтаҳо аст, ки Истиқлолият ба мо ба осони ба даст омад. Аммо дар ин ҷода Нақши фарзандони фарзонаи миллат. Соли 1989 райпурсии умумихалқӣ баргузор гардид, ки 76% шаҳрвандон тарафдор буд, ки Иттиҳоди Шўравӣ боқи монд, лекин бо вуҷуди ин тарафдориҳои Ҳукумати Шўравӣ пош хурд. Яке аз сабабҳои асосии ҷанги шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон набудани маърифати баланд ва ѓайраҳо буд. Миллате, ки тақдири худро ҳал карда наметавонад ба монанди шахсӣ бесавод аст, ки кори мусбиро ба ҷо оварда наметавонад. Дар ҳамин ҳолат Пешвои миллат ба миён омад ва сиёсатро ба даст гирифт. Бурдбориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2000 сар карда ру ба инкишоф ёфт. Таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбастӣ камуникатсиони ва расидан ба истиқлолияти энергетиқӣ- ин се ҳадафи стратегӣ дар воқеъ амалӣ гашта истодааст.
Хонов А. оид ба падидаҳои сиёсии давлатҳои Франсия, Аврупо ва ѓайра ёдовар шуда қайд гардид, ки мардуми тоик бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Соли 2014 20-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қайд карда шуд. Теъдоди аъзоёни ҳизб ба ҳолати имрўза зиёда аз 48000 нафарро ташкил медиҳад. Имрўзҳо бисёр шаҳрвандон барои аъзои ҳизб шудан талош доранд.
Яке аз сабабҳои зиёд шудани аъзои ҳизб ин сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мебошад. Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба муҳлати 5- сол қабул гардидааст. Барнома тамоми самтҳои иқтисодию иҷтимоии зиндагии мардуми тоҷикро дар бар мегирад. Аз 63 курсии дар Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда 41 курси ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рост меояд.
Дар бисёр қонунҳо саҳмгузории Пешвои миллат хело зиёд аст, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва ѓайра. Инчунин дар бораи равандҳои Ҷаҳонишавӣ гуфта гузаштанд. Оид ба падидаҳои номатлуб аз ҷумла: шомил шудани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротгароӣ, терористӣ ва экстромистӣ гуфта гузаштанд. Қайд карда шуд, ки омилҳои шомилшавии ҷавонони мо ба ин гурўҳҳо паст будани фаҳмишҳои дунявӣ ва костагии маънавиёт аст, надонистани қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ѓайраҳо мебошанд. Ҳадафҳои созандаи ҳизб ин тарѓиби дастовардҳои бунёдии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли Истиқлолият мебошад.
Сипас суханро Абдураҳмонов Б.М., давом дода оид ба самтҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ёдовар шуд. Вазъи имрўзаи сиёсаии ҷаҳон хело ноустувор аст, ва ҳар яки моро зарур аст, ки дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мутаҳид шуда сулҳу суботи кишварро таъмин намоем.
Дар ташкилотӣ ибтидоии дастгоҳи марказии Агентӣ аз 50-нафар 42-нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд. Инчунин Абдураҳмонов Б.М., оид ба дастовардҳои Агентӣ ёдовар шуда ва иброз дошт, ки дар давоми соли равон бо мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор мизҳои мудаввар вобаста ба нашъамандӣ, мубориза бо коррупсия, танзими ҷашну маросимҳо, шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои терористӣ, мубориза бо касалиҳои венеретикӣ ва ѓайра гузаронида шуд.
Дар фарҷоми маҷлис Абдураҳмонов Б.М., ба меҳмонон Хонов Абдураҳмон Умарович ва Шоимуродова Заррина барои иштирок ва суханрониҳои пурмуҳтавояшон аз номи роҳбарияти Агентӣ ва тамоми иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуда, бовар кунонид, ки минбаъд ҳамкории соҳавиро бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон боз ҳам хубтару фаррохтар идома хоҳем дод.

Шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи марказии
Агентии меҳнат ва шуѓли аҳолӣ