Дар Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва дигар марказҳои таълимии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ марҳилаи қабули ҳуҷҷатҳои хоҳишмандон барои омӯзиши касбҳои гуногун дар соли 2017 оғоз гардид. Суроға ш. Душанбе, кӯчаи А. Навоӣ 5/1 

Ҷустуҷӯи ҷоӣ кор

ЭЪЛОН

Муњољирони мењнатие, ки нияти кор дар Федератсияи Россия доранд, метавонанд ба Агентии бокортаъминкунї дар хориља бо суроѓаи к.Лоњутї 108 ё бо телефонњои 221-40-15, 221-39-85, мурољиат намоянд.



Ҷойҳои корӣ дар соҳаҳо
Нақлиёт ва алоқа 317
Кишоварзӣ 369
Саноат 1288
Сохтмон 148
Тандурустӣ 1553
Маориф 619
Фарҳанг 49
Мазилию комунали 229
Дигар сохахо 1823
Вазорати Мелиоратсия ва захирахои оби ЧТ. 10
Савдо ва хизмати маиши 133
Хамаги Ҷои кор:6538
Тоҷикистон 6538
ш.Душанбе 2374
Хатлон 1336
ВМКБ 34
НТЧ 541
Сугд 2253
Русия 0
Яман 0

Баргузории «Мизи мудаввар» дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар мавзўи «пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба муқовимат ба савдои одамон, шомилшавии ҷавонон ба танфурўшӣ ва таҳридҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ки ба ҳолати истисмори шаҳвонӣ ва меҳнатӣ мерасонад»

24 Октябр 2016

  Рўзи 20-октябри соли 2016 дар дастгоњи марказии Агентии мењнат ва шуѓли ањолї «Мизи мудаввар» вохўрї ва мулоќот бо намояндагони Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон дар мавзўи пешгирии љиноятњои вобаста ба хариду фурўши одамон, шомилшавии љавонон ба танфурўшї ва таҳридҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ки ба ҳолати истисмори шаҳвонӣ ва меҳнатӣ мерасонад баргузор гардид.

Дар ин мулоќот муовини директори Агентии мењнат ва шуѓли ањолї Ќурбонов Н.М., намояндагони Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон Сардори шуъбаи мубориза бар зидди хариду фурўши одамони Раёсати мубориза бар зидди РМЗЉМ Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон подполковники милитсия Шарипов Исњоќ Иброњимович ва муовини Сардори шуъбаи мубориза бар зидди хариду фурўши одамони Раёсати мубориза бар зидди РМЗЉМ Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон, подполковники милитсия Давронов Фаридун Зиёдуллоевич, сардорони раёсат, шуъба, мудирони бахшњо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар, мутахассисони дастгоњи марказї ва кормандони ташкилоти системаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї иштирок намуданд.
Маљлисро муовини директори Агентии мењнат ва шуѓли ањолї Ќурбонов Н.М., ифтитоњ намуда, дар оѓози маљлис љињати иштироки намояндаѓони Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон Сардори шуъбаи мубориза бар зидди хариду фурўши одамони Раёсати мубориза бар зидди РМЗЉМ Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон подполковники милитсия Шарипов Исњоќ Иброњимович ва муовини Сардори шуъбаи мубориза бар зидди хариду фурўши одамони Раёсати мубориза бар зидди РМЗЉМ Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон, подполковники милитсия Давронов Фаридун Зиёдуллоевич дар «Мизи муддавар»-ро аз номи роњбарияти Агентї ва кормандони соња изњори миннатдорї намуд.
Њамзамон Н. Ќурбонов ќайд намуд, ки яке аз мавзўњои мубрами рўз (глабалї), ки љомеъаи љањонро ба ташвиш овардааст ин хариду фурўши одамон ва ба корњои ѓайриќонунї даст задани занон ва духтароне мебошанд, ки аз оилањои камбизоат буда, барои дарёфти маблаѓ фирефтаи чунин одамон мегарданд. Инчунин иброз дошт, ки яке аз самтњои пешгирии чунин љавондухтарон ба курсњои кўтоњмуддат љалб намудани онњо, таввасути ќарзњои имтиёзнок љалби онњо ба соњибкорї, ба корњои љамъиятии ва ба љои кор таъмин намудани онњо яке аз вазифањои Агентии мењнат ва шуѓли ањолї мебошад.
Бинобар ин аз љониби Ќурбонов Н.М., пешнињод шуд, ки барои боз њам хубтару бењтар ба роњ мондани фаъолият дар ин самт ва иљрои Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хариду фурўши одамон» њамкории Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон бо Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон ба роњ монда шуда, корњои таблиѓотию ташфиќотї пурзўр карда шавад.
Муовини директори Агентии мењнат ва шуѓли ањолї Ќурбонов Н.М., суханро аз рўи масъалаи рўзнома ба Сардори шуъбаи мубориза бар зидди хариду фурўши одамони Раёсати мубориза бар зидди РМЗЉМ Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон, подполковники милитсия Шарипов Исњоќ Иброњимович дод.
Мўњтарам Шарипов Исхоќ Иброњимович дар баромади худ ќайд намудан, ки яке аз љиноятњои нињоят сахт бар зидди њуќуќу озодии инсон, ин хариду фурўши одамон, ки аз даст ба даст дар давлатњои хориљи кишвар њамчун ѓулом истифодабарии шањрвандони Тољикистон мебошад.
Шарипов Исхоќ Иброњимович аз моддањои 130(б.1ва 2), 131, 132, 137, 241(2), 335(2), 339, 304 ва дигар моддањое, ки дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хариду фурўши одамон» ва дастзадани љинояткорон дар ин самт пешбинї шудааст, мавриди баррасї ќарор дода, оиди ба љавобгарии љинояти кашидани љинояткорон гуфта гузашт. Инчунин зикр намуд, ки дар нуњ моњи соли равон дар љумњурї шумораи љиноятхои ошкоргардида ва ба љавобгарї кашидани шањрвандони дар ин гуна љиноятњо даст дошта.
Инчунин сухани навбатї ба муовини Сардори шуъбаи мубориза бар зидди хариду фурўши одамони Раёсати мубориза бар зидди РМЗЉМ Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон, подполковники милитсия Давронов Фаридун Зиёдуллоевич дода шуд.
Мўњтарам Давронов Фаридун Зиёдуллоевич дар баробари гуфтањои боло вобаста ба масъалаи пешгирї аз љиноятњои одамрабої, хариду фурўши одамон ва фоишагарї ќайд карданд, ки вазифаи аввалиндараљаи мо пешгирии шањрвандон оиди даст назадани онњо ба чунин љиноятњо мебошад. Аз ин хотир мо боварї дорем, ки њамкорї байни вазоратњо пурзур карда мешавад ва барои минбаъда чунин вохурию чорабинињо баргузор гарданд мо кормандони Вазорати корњои дохилии Љумњурии тољикистон омода њастем, ки дар њамма гуна вохурињо вобаста ба ин самт њамкории дуљонибаро давом дињем.
Илова бар ин Ф. Давронов дар баромади худ: натиљаи чунин вохурињо мебошад, ки љинояткорї дар ин самт сол то сол кам шуда истодааст. Масалан нисбати њамин давраи соли 2015, 5 адад љиноят кам ба ќайд гирифта шудааст гуфта гушат.

Ќурбонов Н.М., – муовини директори Агентии мењнат ва шуѓли ањолї аз баромадњои кормандони Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон изњори минатдори намуда, барои баргузории чунин чорабинињои нињоят муфид ба Директори Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тољикистон, ки яке аз ташкилотњои системаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї мебошад Ш. Саломов супориш дода шуд, ки дар њамкорї бо кормандони Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон чорабинии навбатиро дар байни касбомўзон-љавондухтарон ва заноне, ки ба касбомўзї фаро гирифта шудаанд ташкил намояд, то ки оммаи васеи љавонон оиди воќеањо, рўйдодњо ва оќибатњои бадбахтонаи ин зуњуроти дањшатноки замон огоњонида шаванд.
Оид ба масъалаи баррасишуда аз љониби кормандони дастгоњи марказї ва ташкилоти системаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї ба намояндагони Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон муњтарам Шарипов Исњоќ Иброњимович ва Давронов Фаридун Зиёдуллоевич саволњо дода шуд ва љавобњои ќаноатманд гирифта шуд.
Дар фарљоми маљлис Ќурбонов Н.М., – муовини директори Агентии мењнат ва шуѓли ањолї ба мењмон Шарипов Исњоќ Иброњимович ва Давронов Фаридун Зиёдуллоевич барои ишитрок ва суханронињои пурмуњтавояш аз номи роњбарияти Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон, Агентї ва тамоми иштирокчиён изњори минатдорї намуда, бовар кунонид, ки минбаъд њамкориро бо Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон идома хоњанд дод.

 

Шуъбаи њуќуќи дастгоњи марказии
Агентии мењнат ва шуѓли ањолї