Дар Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва дигар марказҳои таълимии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ марҳилаи қабули ҳуҷҷатҳои хоҳишмандон барои омӯзиши касбҳои гуногун дар соли 2017 оғоз гардид. Суроға ш. Душанбе, кӯчаи А. Навоӣ 5/1 

Ҷустуҷӯи ҷоӣ кор

ЭЪЛОН

Муњољирони мењнатие, ки нияти кор дар Федератсияи Россия доранд, метавонанд ба Агентии бокортаъминкунї дар хориља бо суроѓаи к.Лоњутї 108 ё бо телефонњои 221-40-15, 221-39-85, мурољиат намоянд.



Ҷойҳои корӣ дар соҳаҳо
Нақлиёт ва алоқа 317
Кишоварзӣ 369
Саноат 1288
Сохтмон 148
Тандурустӣ 1553
Маориф 619
Фарҳанг 49
Мазилию комунали 229
Дигар сохахо 1823
Вазорати Мелиоратсия ва захирахои оби ЧТ. 10
Савдо ва хизмати маиши 133
Хамаги Ҷои кор:6538
Тоҷикистон 6538
ш.Душанбе 2374
Хатлон 1336
ВМКБ 34
НТЧ 541
Сугд 2253
Русия 0
Яман 0

Корҳои фаҳмондадиҳӣ ва расонидани кўмаки методию амалӣ дар самти татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ ба корхонаву ташкилотҳо аз тарафи Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд гузаронида шуд.

1 Ноябр 2016

 Аз 1 июли соли 2016 тибќи Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 6 июни соли 2016, №697 “Дар бораи тадбирњои таќвият бахшидани сатњи њифзи иљтимоии ањолї ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатї, кормандони муассисаю ташкилотњои буљетї, андозаи нафаќа ва стипендия” марњилаи навбатии зиёдшавии музди мењнат, нафаќа, стипендияњо ва њадди аќали музди мењнат амалї карда шуд.
Бояд ќайд намуд, ки яке аз вазифањои самти фаъолияти сохторњои Агентии мењнат ва шуѓли ањолї ин расонидани кўмаки методию амалї ба ташкилоту корхонањои њудуди вилоятњо, шањрњо, ноњияњо дар самти татбиќи санадњои меъёрии њуќуќї оид ба муносибатњои мењнатї ва сатњи зиндагии ањолї ба њисоб меравад.
Бинобар ин айни замон вобаста ба иљрои фармони мазкур аз љониби сохторњои Агентї дар ташкилоту корхонањо корњои таблиѓотию-ташвиќотї ба роњ монда шудааст.
Тибќи маълумоти дастрасшуда муттассадиёни самти мењнати Раёсат, шуъба ва бахшњои Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар шањру ноњияњои вилояти Суѓд дар асоси Наќшаи – чорабинињои тасдиќшуда доир ба фармони болозикр, Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии самти мењнат ба 3138 корхона, муассиса, ташкилот ва субектњои хољагидори вилоят ва шањру ноњияњои он ташриф оварда, корњои фањмондадињї гузарониданд. Зимни ин вохурињо аз љониби муттассадиёни самти мазкур оид ба иљрои санадњои меъёрии њуќуќии соњаи муносибатњои иљтимоию мењнатї, аз љумла зиёдшавии музди њадди аќал, ки ин нишондињанда аз 250 сомонї ба 400 сомонї дар миќёси љумњурї расонида шудааст, ёрии методї дода шуд.
Дар нуњ моњи соли равон аз љониби сохторњои Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар шањру ноњияњои вилояти Суѓд дар самти муносибатњои мењнатї ва сатњи зиндагии ањолї дар маљмўъ 49 маротиба вохўрињо, аз љумла, 21 маротиба семинарњои машваратї, омўзишї, дастурдињї ва 28 маротиба мизи мудаввар бо иштироки шарикони иљтимої, дигар сохторњои дахлдори давлатї ва намояндагони корхонаву ташкилотњои гуногун соња ташкил ва гузаронида шуд, ки мавзуъњои он «Мусоидат ба таъмини сариваќтии пардохти музди мењнат ва ќарздорї аз музди мењнат, роњ надодан ба пайдоиши он», «Баланд бардоштани сатњи зиндагии ањолї ва даромаднокии ањолї», «Пардохти музди мењнати иловагї ба кормандон дар мавриди бо айби корфармо ба таъхир афтодани пардохти музди мењнат», «Зиёд намудани њадди аќали музди мењнат дар корхонаву ташкилотњо», «Њифзи мењнат ва шарикии иљтимої» ва «Бастани созишномањои соњавї, шартномањои коллективї ва баќайдгирии сариваќтии онњо» ва ѓайрањо иборат буд.
Њамзамон, дар рафти чорабинињои мазкур миёни корфармоён ва муттахассисони соња доир ба Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон, ќонуну ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон дар самти мењнат ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї саволу љавоб доир гардида, корфармоён оид ба масъалањои муносибатњои мењнати ва сатњи зиндагии ањолї ба худ љавобњои мушаххас гирифтанд. Ќисми зиёди аз ин чорабинињо ба воситаи ахбори омма манзури бањрабардории тамошобинон ва шунавандагон гардид.
Ќайд кардан зарур мебошад, ки љињати мусоидат намудан ба пардохти сариваќтии музди мењнат дар корхонаву ташкилотњо аз тарафи Раёсат, шуъба ва бахшњои Агентї дар њудуди вилояти Суѓд њамкорї бо Ситодњои доимоамалкунанда, кумитањои њамоњангсозии мусоидат ба шуѓли ањолї ва дигар маќомотњои дахлдори давлатї ба роњ монда шудааст. Айни замон дар њудуди шањру ноњияњои вилоят аз тарафи маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї оиди бартараф намудани ќарздорї аз пардохти музди мењнат, Ќарорњои раисони вилоятњо ва шањру ноњияњо дар бораи таъсиси “Ситодї корї оид ба бартарафсозии ќарздории музди мењнат” ба тасвиб расид. Ситодњои доимоамалкунанда ва Комиссияњои кумитањои њамоњангсозии мусоидат ба шуѓли ањолї дар як моњ як маротиба љаласа доир менамоянд.
Аз аввали соли 2016 дар шањру ноњияњои вилояти Суѓд 83 чунин комиссияњо ва љаласањо доир гардида, сабабњои пайдоиши ќарздорї аз пардохти музди мењнат, сариваќт пардохт намудани музди мењнат ва баланд бардоштани њади аќали музди мењнат дар ташкилот, муассиса ва корхонањо, бастани созишнома, баимзорасонии шартномањои коллективї, ќарордодњои мењнатї ва тартиби баќайдгирии онњо, мавриди баррасї ќарор дода шудаанд.
Инчунин, дар моњи майи соли љорї тибќи Наќшаи кории Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї фаъолияти Ситодњои доимоамалкунанда аз љониби Гуруњи корї иборат аз мутахассисони Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон, Агентии мењнат ва шуѓли ањолї, Хадамоти назорати давлати дар соњаи мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї ва дигар маќомотњои давлатї дар шањру ноњияњои Бустон, Ашт, Зафаробод, Љ. Расулов, Спитамен ва Мастчоњи вилояти Суѓд санљида шуд, ки ин масъала дар љаласаи Њайати мушовараи вазорат 26.05.2016 мавриди муњокима ќарор гирифт.
Раёсати Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар вилояти Суѓд дар асоси Наќшаи кории нимсолаи дуюми соли 2016 ва дастуру супоришњои роњбарияти Агентї баргузории чорабинињои дар боло зикргардидаи самти мењнатро дар шањру ноњияњои вилоят зери назорати доимї ќарор додаанд.

Раёсати њифзи мењнат