Дар Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва дигар марказҳои таълимии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ марҳилаи қабули ҳуҷҷатҳои хоҳишмандон барои омӯзиши касбҳои гуногун дар соли 2017 оғоз гардид. Суроға ш. Душанбе, кӯчаи А. Навоӣ 5/1 

Ҷустуҷӯи ҷоӣ кор

ЭЪЛОН

Муњољирони мењнатие, ки нияти кор дар Федератсияи Россия доранд, метавонанд ба Агентии бокортаъминкунї дар хориља бо суроѓаи к.Лоњутї 108 ё бо телефонњои 221-40-15, 221-39-85, мурољиат намоянд.



Ҷойҳои корӣ дар соҳаҳо
Нақлиёт ва алоқа 296
Кишоварзӣ 461
Саноат 1403
Сохтмон 382
Тандурустӣ 1078
Маориф 892
Фарҳанг 79
Мазилию комунали 263
Дигар сохахо 1878
Вазорати Мелиоратсия ва захирахои оби ЧТ. 0
Савдо ва хизмати маиши 113
Хамаги Ҷои кор:6845
Тоҷикистон 6740
ш.Душанбе 1448
Хатлон 1773
ВМКБ 75
НТЧ 1044
Сугд 2400
Русия 105
Яман 0

Вохўрӣ ва мулоқот бо намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 Ноябр 2016

 Рўзи 10 ноябри соли 2016 дар Агентии мењнат ва шуѓли ањолии Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон вохўри ва мулоќот бо намояндагони Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон баргузор гардид.
Дар ин мулоќот муовини якуми директори Агентии мењнат ва шуѓли ањолї Абдурањмонов Б.М., намояндагони Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон Ашўров Муќимљон Усмонович ва Бобохонов Сайдалї Сангинмуродович, сардори шуъбаи њифзи давлатии њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї, сардорони раёсату шуъбањо, мудирони бахшњо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони дастгоњи марказии Агентї иштирок намуданд.
Маљлисро муовини якуми директори Агентии мењнат ва шуѓли ањолї Абдурањмонов Б.М., ифтитоњ намуда, сараввал намояндагони Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон Ашўров Муќимљон Усмонович ва Бобохонов Сайдалї Сангинмуродович, сардори шуъбаи њифзи давлатии њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї, Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистонро аз номи роњбарияти Агентї ва кормандон барои иштирокашон изњори минатдорї намуд.
Хамзамон Абдурањмонов Б. М., ќайд намуд, ки дар тўли солњои Истиќлолият бо иќдомњои Асосгузори сулњу Вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон мардуми кишвар ба љанги шањрвандї хотима бахшида, сулњу Вањдатро пойдор намуда, њуќуќу озодињои инсонро њамчун арзиши олї эњтиром, эътироф, њимоя ва њифз карда, миёна кишварњои дунё яке аз ташабусњои муњимро дар раванди амалисозии арзишњои минтаќа ва љањон маќому манзилоти худро пайдо кардем .
Бояд ќайд кард, ки яке аз самтњои фаъолияти Агенти мењнат ва шуѓли ањолї љињат њифзи мењнат, мусоидат ба шуѓли ањолї мебошад, ки њамкорињоро бо маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон пурзўр ва мунтазам ба роњ мондан шарт ва зарур мешуморем.
Сухан аз рўи масъалаи рўзнома ба Ашўров Муќимљон Усмонович оид ба вазифањо ва наќши Ваколатдор ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон дода шуд.
Фаъолияти маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон аз рўи Ќонуни Љумњурии Тољиуистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон» ба танзим дароварда мешавад.
Ваколатдор маќомоти махсусе мебошад, ки ба зимааш вазифањои асосии зерин гузошта мешавад. Ин пеш аз њама мусоидат намудан ба:
а) риояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд;
б) барќарор намудани њуќуќу озодињои вайроншудаи инсону шањрванд;
в) такмили ќонунгузории Љумњурии Тољикистон оид ба њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд;
г) баланд бардоштани маърифатнокии шањрвандон оид ба њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, шаклњо ва воситањои њифзи онњо;
д) њамкории маќомоти њокимияти давлатии Љумњурии Тољикистон, сохторњои љомеаи шањрвандї оид ба њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд;
е) дастрасї ба иттилоот, баррасї ва санљиши мурољиати шањрвандон оид ба њуќуќи дастрасии иттилоот;
ё) рушд ва њамоњангсозии њамкорињои байналмилалї дар соњаи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, тасдиќ кардан ё њамроњ шудани Љумњурии Тољикистон ба санадњои њуќуќии байналмилалї оид ба њуќуќи инсон.
Ваколатдор зимни муайян намудани вайронкунии њуќуќи инсон њуќуќ дорад ба маќомоти салоњиятдори давлатї оид ба љавобгарии интизомї, маъмурї ё љиноятї кашидани шахси мансабдоре, ки ќарор ё амал (беамалии) ў боиси вайронкунии њуќуќи инсон гаштааст, масъалагузори намояд.
Бо маќсади тањкими наќши маќомот дар њифзи њуќуќи инсон ќонунгузории амалкунанда пайваста такмил дода мешавад. Хамин тавр, ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Чумњурии Тољикистон» якчанд маротиба вобаста ба такмилу таъкими салоњияти Ваколадор таѓйироту иловањо ворид карда шудаанд.
Сухани навбати ба муовини сардори шуъба Бобохонов С., дода шуд, ў њамзамон ќайд кард, ки ташкилотњои ѓайридавлатї низ як ќисми људонопазири љомеаи шањрвандї буда. дар ташкили институтњои демократї фаъолона иштирок менамоянд ва яке аз механизмњои муњими ташвиќу тарѓиб ва њифзи њуќуќи инсон мебошанд. Бинобар ин дар низоми механизмњои миллии њифзи њуќуќи инсон наќши ташкилотњои ѓайридавлатї хеле назаррас мебошад.
Онњо њолатњои вайроншавии њуќуќхои инсонро ошкор намуда, дар барќарорсозии онњо бо истифода аз воситањои гуногун тадбирњо меандешанд. Аз љумла, маќомоти давлатиро огоњ месозанд, ки сади роњи вайроншавии њуќуќи инсон нагарданд. Ташкилотњои ѓайридавлатие, ки бо њифзи њуќуќи инсон машѓуланд, бештар ба њуќуќи гурўњњои осебпазири ањолї таваљљуњ менамоянд. Ин ташкилотњо бештар ба масъалањои кўдакон. гурезагон, шахсони имконияташон мањдуд, занњо, мониторинги вазъи риояи њуќуќи шахсонї аз озоди мањрумшуда машѓул мебошанд. Самти афзалиятноки фаъолияти чунин ташкилотњоро расонидани ёрии њуќуќї бо маќсади таъмини њуќуќи дастрасї ба мурофиаи одилонаи судї ташкил медињад.
Дар музокираи масъалаи рўзнома аз љониби кормандони дастгоњи марказии Агентии мењнат ва шуѓли ањолї: Абдурањмонов Б.М., Куканов П.М., Олимов И. А., Курбонов О., ва дигарон љињати дар кадом сатњ њифзи њуќуќї шањрвандон аз љониби намояндагони Ваколатдор њимоя мешавад ва дар ин самт чигуна чорабинињо гузаронида шудааст ва чї наќшањо дар пеш истодааст саволњо ба Ашўров М.У., ва Бобохонов С. дода шуда, љавобњои ќаноатманд гирифтанд.
Дар фарљоми маљлис Абдурањмонов Б.М., ба Ашўров М.У., ва Бобохонов С., бори дигар оид ба баромадњои пурмуњтавояшон аз номи роњбарияти Агентї ва тамоми ишторокчиён изњори минатдорї намуда боваркунонид, кї минбаъд њам њамкориро бо Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон идома хоњанд дод.

 


Шуъбаи њуќуќи дастгоњи марказии
Агентии мењнат ва шуѓли ањолї